ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДЕПОРТАТСИЯ АЗ РУСИЯ ВА 40 СОЛ ЗАПРЕТ! ҲУКМИ 100 МУҲОҶИР БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЗАНОЗАНИҲО ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Ҳудуди 100 нафар аз иштироккунандагони занозании гуруҳии шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар Маскав байни муҳоҷирон аз Қирғизистон ва Тоҷикистонро маҳкум ба депортатсия карда, барои 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар дод.

Бино ба маълумоти нашрия, пулиси Маскав аксари иштирокчиёни занозании Кузминки ва занозаниҳои дигар дар пойтахти Русияро муайян ва дастгир кардааст. Ва акнун ҳамаи онҳоро депортатсия аз Русия ва “запрет” ба муҳлати то 40 сол мунтазир аст.

РЕН ТВ менависад, чунин ҳукми сангин бисёрии муҳоҷирони маҳкумшударо гирён кардааст, чунки волидони онҳо фарзандони худро ба ин умед ба мардикорӣ нафиристода буданд, ки онҳоро таҳти конвой ва бе ҳаққи бозгашти дигарбора ба Русия аз он кишвар биронанд.

Муҳоҷирони рӯ ба ихроҷе, ки бо РЕН ТВ суҳбат карданд, аз боқӣ мардуми муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунанд, ки иштибоҳи онҳоро такрор накананд, ба иғвоҳо дигар дода нашаванд ва оқилтар шаванду фикри падару модару наздикони дар Ватан мондаашонро кунанд.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.

Рӯзи 10 август додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав низ қарори ихоҷи 12 нафар аз иштирокчиёни занозании гуруҳии рӯзи 5 август дар кӯчаи Пограничнаяро баровард. Дар он занозанӣ зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифта буданд.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Рӯзи 5 август муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар мулоқот  бо сафирони кишварҳои СНГ гуфт, ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имсол 5% афзудааст. Горовой гуфт, бахусус аъмоли ғайриқонуние, чун занозаниҳои гуруҳӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи зӯрӣ ба зидди мақомот ва мамониат ба фаъолияти нақлиёт ва иншооти иҷтимоӣ дар байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад.

 «Дар робита ба ин ҳодисаҳо ВКД вокуниши қатъӣ нишон дода, ҳамаи ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бетартибиҳои оммавиро боздошт карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашонд. Муҳлати будубоши онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо иштирок доштанд, кӯтоҳ карда шуда, марзи Русия ба рӯи онҳо баста шуд», –гуфт Горовой.

Бино ба иттилои ВКД Русия, феълан дар ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Александр Горовой моҳи апрели соли ҷорӣ аз кишварҳои СНГ хоста буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button