
Амри тақдирро бубинед, ки ду паҳлавони тоҷикро ба намояндагӣ аз ду кишвар дар финали Ҷоми Аврупо дар муқобили ҳам қарор дод.
Рӯзи 8 август дар рақобати ниҳоии Ҷоми Аврупо оид ба гуштини дзюдо дар шаҳри Оренбурги Русия дар вазни то 90 кило ду паҳлавони тоҷик Мирзо Шукориев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро дар муқобили ҳам ба майдон баровард. Вале Шукориев дар ин мусобиқот таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекард ва Маҷидов – таҳти парчами Тоҷикистон.
Ин рақобат ба фоидаи Мирзо Шукориев анҷом ёфт. Вале аксари мухлисон навиштаанд, ки вақте Мирзо ва Ҷаҳонгир ба финал баромаданд, дигар натиҷаи рақобат барояшон аҳамият надошт, зеро дар ҳар ду сурат ҳам як паҳлавони тоҷик қаҳрамони Аврупо мешуд.
Мирзо Шукориев дар Русия ба сар мебарад ва парвардаи мактаби гуштини мураббиёни машҳури тоҷик Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳост, ки Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дастпарвари бошгоҳи “Мори”и ин ду мураббӣ дар шаҳри Иркутск мебошанд.
Мирзо Шукориев моҳи марти соли ҷорӣ дар Ҷоми дзюдои Аврупо байни гуштингирони то синни 21 сазовори медали нуқра шуда буд.