Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ НАҶОТЁФТАҲО АЗ КОРОНАВИРУС БА 15 ҲАЗОР РАСИД

Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи ду шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 149 ҳолати нави сироят ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 169 нафар дар ин муддат аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ рӯзи 5 август як ҳолати марг аз коронавирусро тасдиқ кард, ки ин нахустин қурбонии расман тасдиқшудаи пандемия дар Тоҷикистон дар моҳи август мебошад.

Вазорат то кунун тайи як ҳафта ҳисобот медод, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавти беморон аз коронавирус сабт нашудааст. Аммо дар матбуот дар бораи аз аввали моҳи август ба иллати гирифторӣ ба коронавирус фавтидани ҳудуди 10 нафар, аз ҷумла 3 мансабдори баландпоя хабарҳо нашр шудаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл вазорати тандурустӣ марги 31 нафарро аз коронавирус тасдиқ кард, ки ин моҳи июлро ба пурқурбонитарин моҳ аз шурӯи пандемия дар Тоҷикистон табдил дод.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз шурӯи пандемия то шоми 6 август дар ҷумҳурӣ 15 513 ҳолати сироят ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то шоми ҷумъа 15036 нафар (96,9%) шифо ёфта, вале 122 нафар фавтидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button