Хабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҲОЛАТИ ҚАЛЛОБӢ ДАР БОХТАР ВА ОШОБАИ АШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду мавриди қаллобӣ хабар дод.

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми майи соли 2021, дар бозори фурӯши автомобилҳо бо номи “Ҳоҷӣ-Шариф”, воқеъ дар шаҳри Бохтар марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки пеш бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи июли соли 2014, бо роҳи фиреб ба боварии зани 67-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ карда додани хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳраки Дӯстӣ 195 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол на корашро буд кардааст ва маблағашро  ҳам барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button