Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ГЕНЕРАЛ ФАЙЗУЛЛО АБДУЛЛОЕВ ҚУРБОНИИ КОРОНАВИРУС ШУД

Генерал-майор Файзулло Абдуллоев, собиқ сардори милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ сардори УБОП ва собиқ сардори раёсати Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд субҳи 6 август дар синни 68 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе вафот кард. Як манбаи огоҳ хабар дод, ки генерал Абдуллоев чанд рӯзи охир бо коронавирус мубориза мебурд, вале ба табибон муяссар нашуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Файзулло Абдуллоев тамоми умр дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор карда, ибтидо дар мақомоти милитсия аз муфаттиши оддии раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятӣ то ба мақомҳои баланди сардори шуъбаи милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ ва сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ( УБОП) расид ва сипас дар Агентии зидди маводи мухаддир  муовини раиси ин идора ва баъдан, то баромаданаш ба нафақа дар соли 2011 сардори раёсати ин агентӣ дар вилояти Суғд  буд.

Дар соли 2011 генерал Абдуллоев аз мақоми сардори раёсати Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд бо ҷанҷол барканор карда шуд. Роҳбари вақти Агентӣ АКН Рустам Назаров ба журналистон он вақт гуфт ки сабаби барканории Абдуллоев аз худ кардани манзили хидматӣ дар шаҳри Хуҷанд шудааст: “Барои ӯ дар Хуҷанд манзили хидматӣ ҷудо карда буданд, вале маълум нест, ки бо кадом сабаб мақомоти Хуҷанд ин манзилро ҳамчун моликияти генерал сабт кардаанд. Манзилро алакай ба Агентӣ баргардонанд”.

Аз аввали моҳи август генерал Файзулло Абдуллоев инак чорумин мансабдори баландпояи тоҷик аст, ки хабари маргашон аз коронавирус расонаӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода шаби 31 июл ба 1 август дар синни 58 вафот кард. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшон, яке аз марказҳои асосии табобати беморони коронавирус ҷавоб шуда буд. Темурзодаро рӯзи 1 август дар шаҳраки Шарора дар наздикии шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.

Рӯзи 3 август ректори Донишкадаи технологияҳо ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Акбар Ниёзӣ Меҳрдил низ  аз олам чашм пӯшид. Яке аз корбарон навишт, ки Ниёзӣ низ тӯъмаи “вируси ноаён” шуд.

Рӯзи 4 август подполковник Анис Усмонзода, сардори милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ дар синнии  ҳамагӣ 45 дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохт.

Ва аммо вазорати тандурустии Тоҷикистон  аз аввали моҳи август ҳамагӣ як ҳолати марги шаҳрвандон аз коронавирусро расман тасдиқ кардааст. Мунтақидон мегӯянд, мутаассифона, вазорати тандурустӣ дар робита ба вазъи пандемия дигарбора ҳамон сиёсати хатои пӯшондани воқеиятҳоро пеш гирифтааст. Сиёсати хатое, ки ба ақидаи онҳо, ахиран Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ омодагӣ  дар рӯбарӯи як мавҷи азиму марговари ҳамлаи коронавирус қарор дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button