ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

БОЗДОШТИ 143 НАФАР БО ИТТИҲОМИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ (ВИДЕО)

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 143 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ ва ифротиву террористӣ, аз ҷумла 23 узви ҳизби гуруҳҳои мухолифини ҳукумат, ба мисли созмонҳои феълан дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ( ҲНИТ), “Гуруҳи 24” ва Паймони миллиро дастгир кардаанд.

Дар ин бораи рӯзи 4 август дар нишасти хабариаш вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод.

Бино ба омори овардаи генерал Раҳимзода аз ҳама бештар дар нимаи аввали сол тарафдорони равияи мазҳабии низ мамнӯи Салафия дастгир шудаанд:

“Салафия” – 45 нафар

Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

Гурӯҳи 24” – 13 нафар

“Ансоруллоҳ” – 9 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

Раҳимзода гуфт, имсол тавассути Интерпол 330 нафар, аз ҷумла 99 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористию ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон аз мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм барои саркӯби мухолифини сиёсии худ сӯиистифода мекунанд. Мақомот инро рад мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button