ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: СЕ НАФАР ДАР ОБ ҒАРҚ ШУДАНД. ЯК БОНУИ ҶАВОН ДАР ҚАРОТОҒ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод,ки рӯзҳои охир моҳи июл ва рӯзи аввали моҳи август аз гӯшаву канори кишвар хабари  дар об ғарқ шудани чор нафар расид. Аз ин шумор як бонуи ҷавон худкушӣ кардаву якеи дигар дар роҳи бозгашт аз чарогоҳ  ғарқ шудааст. Дуи дигар аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Аз ҷумла як сокини 23-солаи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар рӯди Қаратоғ худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса нимишабии 31-уми июл, соати 23:32 дақиқ рух додааст.  Ҷасади ӯро рӯзи 1-уми август, соати 14:25 дар деҳаи  Балх пайдо карда ва ба наздиконаш супурдаанд. Сабаби худкушии ин бонуи ҷавон маълум нест.

***   ***   ***

Тибқи маълумоти сардори Бахши  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як сокини 29-солаи деҳаи Патруди ҷамоати деҳоти Фондарё дар чарогоҳ бедарак шудааст.  Сокинон соати 23 – и рӯзи якуми август аввал дар соҳили рӯди Патрӯд хурҷини болои хар ва сумкаи ӯро дидаанд. Субҳи 2 август соати 06:05, ҷасади ӯро дар мавзеъи пули Мушкон, дар соҳили дарёи Патрӯд пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.

***   ***   ***

Як писари 13-сола, сокини кӯчаи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 1 август ҳангоми шиноварӣ бо камераи автомашина дар кӯли Ҷавонон аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. 

Баъд дарёфти хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо сокинон ва хешовандонаш соати 16:35 ҷасади ӯро пайдо карданд ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.  

***   ***   ***

Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як ҷавони 17-сола, сокини деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда аз рӯзи 30-уми июли соли равон идома дорад ва ҳама талошҳо то кунун бенатиҷа анҷом шудаанд. Дар ҳоли пайдо шудани ҷасад маълумот пешниҳод мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button