Исматулло Саидов, як марди зодаи Тоҷикистон инак ду моҳ боз наметавонад зану се фарзандашро пайдо кунад. Олга Саидова ҳамроҳи Мадина, Александра ва Сулаймон рӯзи 1 июн аз фурудгоҳи Пулковои Санкт Петербург бояд ба фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав парвоз мекарданд. Дар дасти Исматулло Саидов ҳоло танҳо як акс аз камераҳои назоратии фурудгоҳ дар дасташ ҳаст, ки чӣ гуна зану фарзандонаш аз эскалатор мефароянд ва ба тарафи толори фурудгоҳ мераванд. Мадина дар акс аробачаи додарашро тела дода истодааст. Ба гуфтаи Саидов, пулис дигар ягон изи аҳли оилаи ӯро пайдо карда натавонист. Онҳо дар ягон видеокамераи дигар наафтодаанд…
Нашрияи “Подмосковье сегодня” хабар дод, ки Исматулло Саидов инак ду моҳ боз наметавонад зану се фарзандашро пайдо кунад. Олга Саидова ва фарзандонаш Мадина, Александра ва Сулаймон аз Санкт-Петербург ба Маскав омаданд, вале аз фурудгоҳи Домодедово куҷо рафтанд? Касе намедонад.
Исматулло Саидов мегӯяд: “Рӯзи 1 июн ман аз кор баргаштам, ки дар хона касе нест. Ман фикр кардам, ки зану кӯдаконам шояд сайру гашт баромада бошанд. Вале шом шуд, баъд шаб омад, вале онҳо дигар пайдо нашуданд.”
Исматулло Саидов аввал худаш мустақилона дар ҷустуҷӯи аҳли оилааш афтода, ба Новгород, зодгоҳи ҳамсараш занг зад, вале бародару хоҳари Олга гуфтаанд, ки куҷо будани ӯро намедонанд. Бародари Олга ба Петербург омад ва ӯву Исматулло дукаса дар шаҳр кӯча ба кӯча гашта, акси Олгаву кӯдаконашро нишон дода, онҳоро суроғ мекарданд, вале бенатиҷа. Баъди ин, онҳо ба пулис муроҷиат кардаанд.
Исматулло Саидов мегӯяд: “Кормандони пулис гуфтанд, ки Оля ва фарзандони ман аз фурудгоҳи Пулково парвоз карда, дар Домодедово фуруд омадаанд. Ба ман акс аз видеокамераи назоратиро фиристоданд, ки дар он лаҳзаи аз эскалатор фаромадан ва ба тарафи толори фурудгоҳ рафтани онҳо сабт шудааст…”
Ба гуфтаи ӯ, пулис то ҳол ягон изи дигари аҳли оилаи ӯро пайдо карда натавонистааст.
Исматулло ва Олга 22 сол пеш дар Петербург шинос шуда, издивоҷ карда буданд. Онҳо 4 фарзанд доранд, вале писари калониашон аз онҳо ҷудо дар Тоҷикистон, ватани падараш зиндагӣ мекунад. Исматулло дар бозор бор мекашонд, ҳамсараш дар супермаркет фурӯшанда буд.
Исматулло мегӯяд, пулашон барои зиндагӣ мерасид, чунки ӯ аз ягон кор рӯ наметофт, то ки оилааш ягон камбудӣ надошта бошад.
Чанде пеш зану шавҳар ҳатто дар пайи кушодани мағозаи маҳсулоти қаннодӣ шудаанд.
“Мо як ҷойро иҷора гирифтем, бор овардем ва мебоист алакай рӯзи 2 июн Оля савдоро сар мекард. Вале ҳамагӣ як рӯз пеш аз кушодани мағоза онҳо ғайб заданд”, – мегӯяд Исматулло.
Ӯ мегӯяд, 22 соли зиндагии муштаракашон хеле ширин гузашта буд. Исматулло бар ин гумон аст, ки шояд зану фарзандонашро ба ягон секта ҷалб карда бошанд.
“Оилаам барои ман маънои зиндагии ман аст. Хеле ёдашон кардам ва чаш ба роҳашонам. Писарам ҳар рӯз гиря мекунад. Аз ҳамаи онҳое, ки Оля ва фарзандони моро дидаанд, хоҳишу илтиҷо мекунам, ки ба пулис хабар диҳанд”, – хоҳиш кардааст Исматулло.