ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БА ДУЗДИИ 6 МОШИН ДАР ШАҲРУ ВИЛОЯТИ МАСКАВ АЙБДОР МЕШАВАНД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1978 ва 1980 дар вилояти Маскав бо гумони даст доштан дар дуздии дастикам 6 мошин дастгир шудаанд. Федеральное агентство новостей (ФАН) бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки аъзои ин гуруҳи мошиндуздонро рӯзи 23 июл бо далели шайъӣ боздошт кардаанд.

Соати ҳафти субҳи 23 июл як зани 49-солаи сокини ҳавзаи шаҳри Дзержинскийи вилояти Маскав ба пулис хабар дод, ки мошини ӯро, ки сохти Корея буд, аз кӯчаи Лесная аз назди хонааш дуздидаанд. Тавре баъдан маълум шуд, ки пулис мошиндуздонро кайҳо зери назорат гирифта, мунтазир будааст, ки онҳоро бо далели шайъӣ вақти дуздиашон ба даст биафтонад.

Манбаи ФАН гуфт: “Барои боздошти ҷинояткорон афсарони Сарраёсати кофтукови ҷиноии ВКД Русия ва кормандони фаврии пулиси вилояти Маскав ҷалб шуда буданд. Зани ҷабрдида, ки дар Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ба номи Склифосовский кор мекард, намедонист, ки пулис аз паси мошиндуздон таъқиботи пинҳонӣ гузошта буд, то онҳоро бо далели шайъӣ дастгир кунад. Кормандони пулис мутмаин буданд, ки ин нафарон дар ҷиноятҳои дигар низ даст доранд.”

Баробари ба мошини дуздӣ дар кӯчаи Лесная нишастану ба роҳ баромадани мошиндуздон кормандони пулис онҳоро манъ ва дастгир карданд.

Манбаи ФАН мегӯяд, дар ҷараёни бозҷӯӣ маълум шудааст, ки онҳо дар дастикам 6 чунин ҷинояти мошиндуздӣ дар шаҳру вилояти Маскав даст доранд.

Ҳоло ба зидди ҳарду зодаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми дуздӣ парванда кушода, онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба ин ду нафар дар сурати дар додгоҳ исбот шудани гуноҳашон, то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button