ВидеоҶомеа

ДАР ДУШАНБЕ СЕ НАФАР ЯК НАВРАСРО ТО МУРДАН ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

ВКД Тоҷикистон дар бораи се муноқишаи хунин дар Душанбе, Мастчоҳ ва Ёвон хабар дод. Муттаассифона, дар як ҳолат дар маҳаллаи 64 дар пойтахт  занозании байни наврасон бо марги як ноболиғ анҷом ёфтааст.

Сокини 59-солаи  ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ШВКД-1 ин ноҳия хабар додааст, ки рӯзи 24 июл, соати 12:30 шахсони номаълум набераи ноболиғи 15-солаашро ҳангоми дар маҳаллаи 64-уми ҳамин ноҳия қарор доштанаш бе ягон асос лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД  рӯзи 26 июл хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 13, 14 ва 15-солаи сокинони пойтахт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст. Маркази матбуоти ВКД гуфт, ин ҷавон рӯзи 23 июл, тахминан соати 19:00 дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Меҳр», воқеъ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи  Мастчоҳ бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳраки Бӯстон ҷангу ҷанҷол намуда, бо панҷшоха як маротиба ба қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Мувофиқи хулосаи  ташхиси судию тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда бар асоси моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ аз 5  то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Бино ба хабари дигари ВКД, рӯзи 23 июл, тахминан соати 17:00 ноболиғони 16 ва 17-солаи сокини  шаҳраки Ёвон ва дигарон дар  ҳудуди шаҳрак аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудаанд.
Сипас яке аз ноболиғон бо корди дар ҷайбаш дошта, як маротиба ба пушти ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button