ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президент

БОЗДОШТИ 4 НАФАР ДАР РАШТ БАРОИ ВИДЕОИ КОНСЕРТ ДАР МАСҶИД (ВИДЕО)

Мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Рашт ҳафтаи гузашта барои муайян кардани манбаи навори видеоии консерт дар масҷиди деҳаи Навдӣ  чандин нафарро мавриди бозҷӯӣ қарор дода, рӯзи 24 июн аз байни онҳо 4 нафарро расман барои бозпурсӣ ба шуъбаи ноҳиявии КДАМ бурдаанд. Аз ин 4 нафар 3 нафарро баъди бозпурсӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташон ҷавоб додаанд, вале як ҷавонро, ки ба бовари мақомот, видеоро шояд ӯ сабт карда бошад, ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомоти амниятӣ ҳамин тавр, як чати ҷавонони маҳаллиро дар Интернет тагу рӯ кардаанд, чунки гумон меравад, ки видео аввал дар ҳамин чат паҳн гардида, аз тариқи он ба Интернет роҳ ёфтааст.

Дар он видеои якдақиқагӣ, ки як нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, лаҳзаҳои консерти шаби 21 ба 22 июл дар масҷиди деҳаи Навдии ноҳияи Рашт сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки дар масҷид барои як гуруҳи ҷавонон дастурхон оростаанд ва овозхонҳоро ҳам даъват кардаанд, ки барояшон тарона мехонанд.

Гуфта мешуд, ҷавононро дар масҷиди Навдӣ аз шаб барои иштирок дар чорабинии саросарии “Марз 2021” даъват карда буданд ва  ба хотири он ки ҷавонон барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳавасманд шаванд ва хона ба хона пароканда нашаванд, барояшон дар масҷиди деҳа хӯрду хӯрок ва ҳатто консерт ва рақсу бозӣ ташкил кардаанд.

Ёдовар мешавем, соати чори субҳи 22 июл, бо фармони президент ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, чунин кор дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал ва  бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо  доир карда шуд. Хадамоти матбуот дар тӯли чоруним соат аз ҷараёни ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд,  пахши мустақим барпо кард.

Дар чорабинӣ 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ ҷамъбаст гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button