ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

87 НАФАР ДАР ЯК РӮЗ! КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗ ТО РӮЗ СУРЪАТУ ВУСЪАТ МЕГИРАД (ВИДЕО)

Бино ба охирин омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки шоми 25 июл нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар  87 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда аз аввали соли 2021 буда, 9 ҳолат бештар аз рекорди қаблӣ  – 78 ҳолати гирифторӣ ба вирус аст, ки як рӯз қабл, 24 июл ошкор карда шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, дар як шабонарӯзи охир 74 нафар аз коронавирус шифо ёфта, мутаассифона, як нафар фавтидааст. Аз аввали моҳи июл ин вазорат алакай марги 27 нафарро аз коронавирус расман тасдиқ кардааст.

Ба сурати умум аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 14 ҳазору 592 ҳолати олудашавӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 14 ҳазору 96 нафар, ё 96,5% аз шумораи умумии беморон шифо ёфта, 117 нафар, мутаассифона, ҷон бохтаанд. Тибқи ин омор, ҳоло дар Тоҷикистон 379 нафар аз коронавирус муолиҷа мегиранд.

Бо вуҷуди  рӯз то рӯз афзудани шумораи гирифторон ва даъватҳо ба ҷорӣ кардани карантини шадид дар Тоҷикистон, мақомоти вазорати тандурустӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии худ гуфтанд, зарурати ҷорӣ кардани карантинро намебинанд. Ғаффор Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ гуфт, “вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд.”

Ғаффор Муҳсинзода ҳамзамон бори аввал эътироф кард, ки штамми “Делта” (коронавируси ҳиндӣ), як навъи нави коронавирус, ки бо суръати бештару марговартар паҳн мешавад, ба Тоҷикистон низ расидааст. “Бо назардошти ин ки “Делта” дар кишварҳои ҳамсоя ошкор шудааст, “дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд доштани он рад намешавад. Ҳоло навъи санҷишҳои беморон барои ташхиси тиббӣ ба як озмоишгоҳи Лондон фиристода шудааст”,  – гуфт Муҳсинзода.

Вазорати тандурустӣ гуфт, таҳлили анҷомдодааш аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон тақрибан 20 фоиз, ё ҳар бемори панҷум ба шакли вазнин бемор мешавад.

Тибқи ин таҳлил, дар Тоҷикистон 45 фоиз дар хона, 12 дарс ад дар корхона ва 11 фоиз дар маъракаҳо гирифтори коронавирус шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки 70 фоизи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ошкор шудаанд. Ғаффор Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ гуфт:

“Аз шумораи умумии беморон:

34 дарсад ба Душанбе, 

36 дарсад ба Суғд,

11 дарсад ба Хатлон,

13 дарсад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва

6 дарсад ба ВМКБ рост меояд”

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ваксина гирифтанро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо коронавирус мешуморанд. Субҳи 26 июл якуним миллион вояи ваксинаи Модерна ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин кумаки ройгони Амрико мебошад.  Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд тамоми 5,8 миллион аҳолии аз синни 18 болоро ваксина бизнананд. Ваксина дар Тоҷикистон ройгон буда, бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ, барои тамоми сокинони калонсол ҳатмӣ эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button