Рӯзи 23 июл кормандони бахши муҳоҷирати Сарраёти корҳои дохилии кишвари Красноярски Русия бо ҷалби нирӯҳои Росгвардия (ОМОН) дар яке аз гармхонаҳои воқеъ дар деҳаи Кваршинои ноҳияи Емеляново бо ҳадафи ошкор кардани ҳолатҳои поймол кардани қонунҳои муҳоҷират рейд гузарондаанд.
“Баробари дидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як қисми коргарони гармхона кӯшиш карданд, ки пинҳон шуда, хударо аз ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират халос кунанд. Вале ҳамаи онҳоро кормандони ОМОН ва пулис барои тафтиш боздоштанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи пулиси кишвари Красноярск.
Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки дар ин гармхона 55 муҳоҷири хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кор мекунанд ва 29 нафари онҳо қоидаҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд.
Ҳамаи онҳоро ба шуъбаи пулиси “Емеляновский” бурда, нисбаташон бар асоси қисми якуми моддаи 19.27 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми додани маълумоти бардурӯғ ё санадҳои қалбакӣ ҳангоми сабти ном дар мақомоти муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, изи ангушти ҳамаионҳоро низ гирифтаанд.
Пулиси муҳоҷирати Красноярск гуфт, чунин рейдҳои профилактикӣ дар оянда дар гармхонаҳои дигар низ баргузор карда хоҳад шуд.