ВидеоҶомеа

ҲАБИБҶОН МЕХОСТ МОДАРАШРО НАҶОТ ДИҲАД… ҶАСАДИ БОЗ ЯК ҚУРБОНИИ СЕЛРО ДАР ПАНҶАКЕНТ ПАЙДО КАРДАНД

Ҷасади Ҳабибҷони Ёқуб, сокини 19-солаи деҳаи Киштӯдаки Панҷакентро, ки рӯзи 19 июл дар сел нобуд шуда буд, рӯзи 22 июл, баъди се рӯзи ҷустуҷӯ пайдо карда, ба хок супурдаанд. Ба ин тартиб, аз 12 қурбонии сели рӯзи арафаи иди Қурбон дар Панҷакент 11 ҷасадро пайдо карда, ба хок супурдаанд ва ҷустуҷӯи танҳо ҷасади Нозима Исмоилова то ҳол натиҷа надодааст.

Алишер Усмонзода дар Фейсбук хабар дод, ки ҷасади Ҳабибҷони ҷавонмаргрро аз соҳили дарёи Зарафшон пайдо карда, намози ҷанозаашро асри 22 июл, соати 19 хондаанд.

Ҳабибҷони Ёқуб ва Нозима Исмоилова дар ҷумлаи 10 сокини Киштӯдак буданд, ки рӯзи 19 июл дар овул, яъне чарогоҳи тобистона, ки 30 километр дуртар аз деҳа дар кӯҳистон ҷойгир шудааст, қурбони сел шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, аксари қурбониёни сел дар Киштӯдак аз як хонавода буданд, ки  вақте борони шадид борид, дохили хаймаҳои хеш паноҳ бурданд, вале сели шадид онҳоро ҳамроҳ бо хаймаҳояшон бурд.

Қаблан шоири муқими Панҷакент Исмоил Зарифӣ бо нашри як марсия бо номи “Ба ҳурон ҳамнишин андар биҳиштӣ” хабар дода буд, ки Ҳабибҷон вақте тӯъмаи сел шуд, ки мехост модарашро аз чанги ин офати табиӣ наҷот диҳад.

Зи қаҳри сел нотарсида рафтӣ,

Ба сӯи марги худ хандида рафтӣ.

Гумон кардӣ балоро ром созӣ,

Ба нерӯ селро ором созӣ.

Раҳонӣ модари мушти паратро,

Бубинӣ пеши дар тоҷи саратро.

Намедонистӣ ту аз амри тақдир,

Шудӣ дар қаъри сели дад нафасгир.

Ба гирдоби бало афтода рафтӣ,

Гиреҳи мушкилат накшода рафтӣ.

Супурдӣ ҷони худ ҳамроҳи модар,

Надидӣ рӯзи тӯю рӯи дилбар…

Исмоил Зарифӣ

БА ҲУРОН ҲАМНИШИН АНДАР БИҲИШТӢ…

Дар ёди Ҳабибҷони Ёқуби нуздаҳсола ва ёздаҳ нафари дигар, ки рӯзи 19.07—2021 дар деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент қурбонии сел шуданд. Ин ҷавонписар мехост, модарашро наҷот диҳад. Мурдаи ӯ ва ҷавондухтаре то ҳанӯз нопадид аст.

Ҷавони навхати ҷӯёи модар,

Ба сар омад туро савдои модар.

Зи қаҳри сел нотарсида рафтӣ,

Ба сӯи марги худ хандида рафтӣ.

Гумон кардӣ балоро ром созӣ,

Ба нерӯ селро ором созӣ.

Раҳонӣ модари мушти паратро,

Бубинӣ пеши дар тоҷи саратро.

Гумон кардӣ хазонашро набинӣ,

Насозӣ бо мусибат ҳамнишинӣ.

Намедонистӣ ту аз амри тақдир,

Шудӣ дар қаъри сели дад нафасгир.

Ба гирдоби бало афтода рафтӣ,

Гиреҳи мушкилат накшода рафтӣ.

Супурдӣ ҷони худ ҳамроҳи модар,

Надидӣ рӯзи тӯю рӯи дилбар.

Ҳама армони дил бар хок бурдӣ,

Ту рӯҳи пок бар афлок бурдӣ.

Тамоми халқ бо ғам мурдакобанд,

Валекин мурдаатро менаёбанд.

Ту гаштӣ ахтару рафтӣ ба афлок,

Ҳамеҷӯянд туро аз синаи хок.

Ту қурбонии дасти сарнавиштӣ,

Ба ҳурон ҳамнишин андар биҳиштӣ.

На танҳо деҳи Киштӯд аст дар ғам,

Тамоми Тоҷикистон аст ба мотам.

Дувоздаҳ тан шаҳиди Иди Қурбон,

Шумоён ғарқаи нуреду имон.

Ҳамеша ҳамраҳи мо зинда монед,

Шумо чун наҷмҳои нурфишонед…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button