РАҲИМИ ҒАРМӢ ВА БОЗ ЧАНД ЛИДЕРИ ДИГАРИ ТОҶИКҲОРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДААНД (ВИДЕО)
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар чанд ҳафтаи охир ҳудуди 10 нафар аз соҳибкорони миллионери тоҷик ва шахсиятҳои бонуфузи тоҷикони Русияро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум ва бисёрии онҳоро ба Тоҷикистон депортатсия кардаанд.
Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, дар байни онҳое, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд, Раҳимҷон Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори маъруфи тоҷик низ ҳаст. Раҳими Ғармӣ дар Новосибирск ва чанд шаҳри дигари Русия мағозаҳои бузург дошт ва ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бахусус дар моҳҳои аввали пандемия ба маблағи миллионҳо рубл кумак расонда, ҳамчунин дар зодгоҳаш – ноҳияи Рашт низ ба маблағи садҳо ҳазор доллар ба ятимону эҳтиёҷмандон кумак мерасонд ва роҳу кӯпрук месохт.
Ба сомонаи “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки бо худи Раҳим Бобоҷонов суҳбат кунад. Як нафари наздик ба ин соҳибкор гуфт, шаҳрвандии Раҳими Ғармӣ моҳи июн бекор карда шудааст ва ӯ баъди лағви шаҳрвандиаш ба Туркия рафтааст ва феълан дар он кишвар қарор дорад.
Дар бораи ангезаҳои лағви шаҳрвандии русии Раҳими Ғармӣ ва дигар соҳибкорони тоҷик бештар фарзияи дасти рақибон матраҳ аст, ки бо кумаки бархе мансабдорони фасодзада ва порахӯр дар Тоҷикистон тавонистаанд ба рӯфтани рақибони тоҷикашон аз бозори Русия ноил шаванд.
Як соҳибкори маъруфи тоҷик, ки низ моҳи июн аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум гардида, алакай ба Тоҷикистон депортатсия шудааст ва ба далелҳои амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ мекунад, дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, барои депортатсияи рақибони тоҷикашон аз як механизм истифода бурдаанд: “Солҳои охир бачаҳои тоҷик дар бозорҳои Русия ҷои рақибони худро хеле танг карданд ва ба по хестанд. Бархе рақибони онҳо, аз ҷумла зодагони Озарбойҷон ҳоло як роҳи аз бозор берун кардани рақибони тоҷикашонро пайдо кардаанд: Онҳо ягон мансабдори порахӯрро дар Тоҷикистон пайдо мекунанд ва ӯ дар ивази пул ба онҳо аз ЗАГС-и маҳалли зодгоҳи соҳибкори тоҷик санади расмие бо муҳру имзо мегиранд, ки гӯё ному насаби ин одам дар вақти таваллудаш дигар буд. Ин санадро ба мақомоти муҳоҷират ва додгоҳҳои Русия месупоранд. Нодуруст нишон додани маълумот ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ ҳамчун далел барои бекор кардани шаҳрвандӣ истифода бурда мешавад. Нисбат ба ман ва чанд соҳибкори дигари тоҷик аз ҳамин механизм истифода карданд. Мутаассифона, мақомоти фасодзадаи тоҷик барои нафси ҳароми худ шуда, дар ин нақшаи бад ба рақибони бачаҳои тоҷик барои аз бозори Русия рондани ҳамватанони худашон ёрдам мекунанд.”
Моҳи майи соли 2020, вақте коронавирус тоза ба ҷавлон даромада буд ва ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор монданд, Раҳими Ғармӣ дар шаҳри Новосибирск барои муҳоҷирони тоҷики бекормонда чандин миллион рубл хайр кард. Дар як видео дида мешуд, ки чӣ гуна бачаҳои Раҳими Ғармӣ 3 миллион рубл оварда, сари ҳар муҳоҷир 5 ҳазор рубл, байни 600 муҳоҷири тоҷик тақсим карданд. Дар видео дида мешуд, ки маблағҳои хайршударо рӯи миз гузошта, як-як ҳисоб мекунанд ва сипас тақсимот шурӯъ мешавад. Нахуст ба як нафар барои 29 муҳоҷири бекормонда сари ҳар кадоме 5-ҳазорӣ 145 ҳазор рубл ҳисоб карда медиҳанд ва сипас то тамом шудани ҳамаи пул онро ба муҳоҷирон тақсим мекунанд.
Раҳими Ғармӣ – Раҳимҷон Бобоҷонов, писари Муҳиб Бобоҷонов, як марди саховатманди маъруф дар водии Рашт мебошад.
Муҳиб Бобоҷонов, ки қаблан раиси совхози Сорбоғ дар дараи Камароб буд ва сипас ширкати “Исфандиёр”-ро тахсис дода, дар ду гектар замин боғи нок бунёд кард, дар водии Рашт бо амалҳои хайраш, аз ҷумла бо кумакҳои зиёд ба кӯдакону ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ ном баровардааст.
Ӯ соли гузашта бо кумаки фарзандони дар Русия соҳибкораш қисмати дуюми роҳи Навобод – Ғармро мумфарш кард ва низ бо кумаки фарзандонаш барои тармими як қисмати таъмирталаби шоҳроҳи Душанбе — Лахш (дар ҳудуди ноҳияи Нуробод) ва мумфарш кардани роҳи мошингарди ҷамоати Боқӣ Раҳимзода (аз даромадгоҳи дараи Камароб то маркази деҳот) ният кардааст. Ҳукумат соли 2019 Муҳиб Бобоҷоновро барои чунин иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ кард.
Акаи Рахим илтимос якбор занг зане гапзанем 919140084 аз барои Аллох занг зан акачон
Салом алейкум акаи Рахим
Ма ака да гарибийм дар федераци руссия Шахри Казань ГАИ Ман кадм ба правам фаршиви капиданм хама Коро судебни шид агар илочш боша ердам ай тарафи шумо ба наздики суд Меган мешинонанм
Вотсап 89274975859
Ассаломуалайкум ака мада ëрдами шумо даркор акам агар илочш боша илтимос кумак кунен илтимосс ака
Илтимос чихел бо шумо гап занам илтимос
Салом ман мамадиева хикоят аз шахри бохтар чамоати заргар учаскаи хушвахт як модари бефарзандам чанд солшидай давления шидам як дастам рост намешавад шароити личения надорам илтимос бачачон ёрдам кунед дар шароити вазнин карор дорам бачачон агар бовар накунен инами номероимай ма шароит ма хубтар мефахмонум +992911262444