ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ МАРЗ БО АФҒОНИСТОН ВА ПАРАДИ НИРӮҲОИ МАРЗБОНӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ (2 ВИДЕО+82 АКС)

Рӯзи 16 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси  Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва генерали артиш аз маҳалли будубоши Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон  боздид карда, бо сатҳи тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор ва нирӯҳои захиравии мустақар дар марз бо Афғонистон шинос шудааст.

Қӯшунҳои марзбонӣ барои намоиши иқтидори ҷангии худ бо ҷалби техникаи низомӣ ва силоҳҳои сабуку вазнин дар назди президент паради ҳарбӣ низ баргузор кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз отряди Панҷ ва сипас аз отряди Ҳамадонӣ боздид карда, дар отряди Ҳамадонӣ дар баробари марзбонҳо суханронӣ ҳам кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба вазъи мураккаб дар кишвари ҳамсоя ишора карда гуфт, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамчун минтақаи буферӣ нафақат барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои СНГ ва ҳатто Иттиҳоди Аврупо мавқеи бисёр муҳим дорад.

“Яъне сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар суханрониаш гуфт, “вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.”

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ду қитъаи марзӣ дар марз бо Афғонистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дар чанд ҳафтаи охир ҷангҷӯёни ҳаракати дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон, назорати беш аз 900 км аз 1370 км марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба даст оварданд. Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои такягоҳи асосиаш: эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико дер нахоҳад поид ва зери фишори Толибон суқут хоҳад кард.

Толибон изҳор доштаанд, ки қасди эҷоди ноамнӣ дар марз бо кишвари Тоҷикистонро дар сар надоранд. Вале дар Душанбе ва дигар пойтахтҳои минтақа бахусус баъди зери фишори Толибонба қаламрави Тоҷикистон сарозер шудани беш аз 1500 сарбози нирӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҳудуди 1400 гурезаи мулкӣ аз он кишвар ба тағйири вазъ дар Афғонистон бо нигаронӣ нигоҳ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дод, ки 20 ҳазор нафарро аз ҳисоби сарбозони захиравӣ ба артиш сафарбар кунанд. Душанбе ҳамчунин расман аз созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон кумак хостааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button