ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ВИДЕО: БОЗДОШТИ 4 ТОННА АНГУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дружиначиёни халқиии вилояти Бодканди Қирғизистон, ки хатти марзи Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистонро назорат мекунанд, субҳи барвақти 13 июл, соати 05:00 дар деҳаи Оқ –Татир 450 қуттӣ ангури Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Дар маъмурияти вилояти Бодканд бо тасдиқи ин хабар ба 24.kg  гуфтанд, ки “ду мошини боркаш аз ноҳияи Лайлак ба шаҳри Бодканд равона будаанд. Дар дохили он 450 қуттӣ ангур будааст. Ронандагон гуфтаанд, ки соҳиби бори мошини якум шаҳрванди Қирғизистон И.Носиров аст, вале онҳо соҳиби бори мошини дуюмро намешинохтаанд”.

Дружиначиёни халқӣ гуфтаанд, ки дар умум 4 тонна ангурро мусодира карда, ба мақомоти гумруки вилояти Бодканд супурдаанд.

Қирғизистон моҳи май, дар пайи муноқишаи хунин дар марз бо Тоҷикистон марзҳояшро бо ин кишвар баст. Ҳоло бар иловаи сарҳадбонон ва мақомоти гумрук вазъиятро дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳамчунин дружиначиёни халқӣ, ки аз ҳисоби сокинони манотиқи марзӣ ташкил шудаанд, назорат мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button