Тоҷикистон

ФОҶИА ДАР СИРДАРЁ: ҲАЛОКАТИ ЧОР НАВРАСИ 15-СОЛА АЗ ИСТАРАВШАН

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 июл дар кӯлу дарёҳои ҷумҳурӣ боз 5 нафар ғарқ шудаанд. Фоҷиаи аз ҳама мудҳиш дар Сирдарё рух додааст. Нимаи луюми рӯзи 7 июл наҷотбахшон аз ин дарё ҷасади чор наврас аз Истаравшан, соли таваллудашон 2006-ро берун кашидаанд. Як марди 50-сола аз Ёвон ҳангоми оббозӣ дар ҳолати мастӣ дар кӯли Комсомоли шаҳри Норак ғарқ шудааст. Аз аввали сол, бино ба ҳисобҳо, дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Нисфи ғарқшудагон ноболиғонанд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд рӯзи 7 июл дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир ғарқ шудани як ҷавонро мушоҳида карда, зуд ба кумаки ӯ шитофтаанд ва тавонистаанж ин сокини 24-солаи шаҳри Гулистонро, ки дар як макони мамнӯъ оббозӣ мекард, наҷот диҳанд.

Вале дар ду мавриди дигар, мутаассифона, наҷотбахшон ҷасадҳои сокинони алакай ҷонбохтаро аз об берун кашидаанд.

Фоҷиаи аз ҳама мудҳиш дар Сирдарё рух додааст. Тавре КҲФ хабар медиҳад, рӯзи 7 июл, соати 15:10, ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд занг зада, хабар додаанд, ки чор наврас ҳангоми оббозӣ дар як макони мамнӯъ дар Сирдарё ғарқ шудаанд. Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса расида, ҷасади 4 сокини Истаравшан, соли таваллуди ҳамаашон 2006-ро аз об берун кашидаанд. Тафсилоти дигари ин фоҷиа нашр нашудааст.

Ҳамчунин як сокини 50-солаи ноҳияи Ёвон рӯзи 7 июл ҳангоми оббозӣ дар ҳолати мастӣ дар кӯли Комсомоли шаҳри Норак ғарқ шудааст. Ғаввосони КҲФ шаҳри Норак ҷасади ӯро аз об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Бо назардошти ҳодисаҳои фоҷиавии ахир, КҲФ бори дигар аз сокинон хостааст, ки:

– танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд,

– сармаст аз шароб вориди об нашаванд,

– тани танҳо шабонгаҳон шиноварӣ накунанд,

– бачаҳоро дар лаби об ва ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд,

– қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button