ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХУШДОМАНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 5 июл, дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Ӯ як ҳафтаи охир дар дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” дар Душанбе таҳти табобат қарор дошт.

Сокинони ҷамоати Наврӯз (собиқ Чапаев) дар ноҳияи Балхӣ хабар доданд, ки дар инҷо омодагӣ ба маросими видоъ ва дафни хушдомани президент шурӯъ шудааст. Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар Чапаев  дар хонаи писари калониаш Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев зиндагӣ мекард.

Дар Чапаев аз Ӯзбекбӣ Асадуллоева ба унвони як зани хеле меҳрубон ва бо ҳама як тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз пушти мақом ва нуфузи баланди фарзандонаш ё аз президент будани домодаш каттагӣ намекард ва бо хурду бузург муносибати яксон ва боэҳтиром дошт.

Дар бораи иллати марги Ӯзбекбӣ Асадуллоева маълумоти расмие нашр нашудааст, вале як рӯз пеш як табиби “клиникаи Мансуров” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд,  ки хушдомани президентро бо аломатҳои коронавирус дар инҷо бистарӣ кардаанд ва ӯ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дошт.

Писари калонии ӯ Ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳамчунин Шамсулло ва Ҳусейн (дугоникии Ҳасан Асадуллозода) дар водии Вахш заминҳои кишоварзӣ доранд, вале ба сиёсати калон дахолат намекунанд.

Амирулло Холов, писари дигараш чандин сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд. Амонулло Саъдуллоев як мансабдори пурнуфуз дар ширкати “Барқи Тоҷик буда, ном писари хурдии ин хонавода Муҳибулло Саъдуллоев баъди ғасби рейдерии бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ва ба зиндон афкандани соҳиби қаблии он бозор вирди забони расонаҳо шуда буд.

Як духтари ӯ ҳамсари Нахшов, роҳбари филиали “Амонатбанк” дар ноҳияи Сино буд. Нахшов соли 2018 аз олам чашм пӯшид.

Аммо, албатта, аз ҳама фарзандони машҳуртарини Ӯзбекбӣ Асадуллоева Азизамоҳ Раҳмонова,  ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон, ва Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст. Чандин тиҷорати бузург дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар кишварро ба Ҳасан Асадуллоҳзода нисбат медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button