ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ТАҲДИД БА КОЛЯ-ТАДЖИК: ТУ СУРИЯ ОДАМ МЕФИРИСТОДӢ, ТУ ҶАНОБИ ОЛИРО ДАШНОМ ДОДӢ… (ВИДЕО)

Коля-Таджик, яке аз блогерҳои тоҷики муқими Русия, ки ба муҳоҷирони тоҷик аз ҷумла барои гирифтани дастмуздашон аз корфармоёни беинсоф кумак мерасонад, бо нашри 10 дақиқа сабти суҳбати телефониаш бо як нафари ношинос, хабар дод, ки ӯро туҳмат карда истодаанд. Блогер ин сабтро “Туҳмати ногаҳон ба Коля-Таджик” ном гузошта, дар зераш навиштааст, “Валлоҳ, қасам мехӯрам, дар ягон гурӯҳ қӯш нестам.”

Дар ин сабт як нафар бо садои ҷавони мардона Коля-Таджикро айбдор мекунад, ки ӯ гӯё бо террористҳо дар Ироқу Сурия робита дошта ва ҳатто Бағдодиро шахсан мешиносад ва гӯё 140 бачаи тоҷикро барои ҷанг ба Ироқу Сурия фиристодааст. Вале ҷои дигар ӯ ба ҷои Сурияву Ироқ мегӯяд, ки Коля-Таджик ба Афғонистон одам мефиристод. Ҳамсуҳбати Коля-Таджик иддао мекунад, ки сабти суҳбатҳои блогерро доранд ва ӯро метавонанд ба осонӣ ба зиндон андозанд.

Ӯ боз ҳам бо шеваи таҳдидомез Коля-Таджикро ба он айбдор мекунад, ки  нисбат ба Ҷаноби олӣ (манзураш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон) дашномҳои қабеҳ задааст ва аз сиёсати пешгирифтаи ӯ танқид кардааст. Дар ин бора ҳам он нафар иддао мекунад, ки сабти суҳбатҳои Коля-Таджик бо танқиди Эмомалӣ Раҳмонро дар даст доранд.

Ӯ ба блогер пешниҳод мекунад, ки ба хубӣ, худаш омада, баёнот диҳад ва ҳама чиро имзо кунад. Дар ин сурат, ӯ ваъда дод, ки ягон фикре нисбат ба блогер хоҳанд кард.

Коля-Таджик дар ҷараёни ин суҳбат чандин дафъа гиребон мегирад ва ҳама даъвоҳоеро, ки ба зиддаш эълон карданд, тӯҳмати рӯирост меномад. “Пас маълум мешавад, шуморо мардумро ҳамин хел бо туҳмат маҳкам мекунед?” – мепурсад ӯ. Вале он ҷониб ҳамчунон кам наомада, иддао мекунад, ки ҳамаи далелҳоро ба зидди Коля-Таджик дар даст доранд.

Коля-Таджик чанд дафъа такрор мекунад, ки дар ягон гуруҳ қӯш нест, Бағдодиро аслан намешиносад, касеро на ба Сурия, на ба Ироқ, на ба Афғонистон нафиристодааст. Ӯ аз он ҳамсуҳбаташ  талаб мекунад, ки дигар бо ин дурӯғу буҳтонҳояш ба ӯ занг назанад.

Маълум нест, нафаре ки ба Коля-Таджик таҳдид мекард, намояндаи ягон мақомот буд ваё мехост блогери маъруфро “храп” бизанад, ё ба таъбири имрӯза, пранк кунад.

Коля-Таджик бо видеоҳои кумакҳояш ба муҳоҷирони тоҷик маъруф аст. Ӯ аз ҷумла қаллобонеро, ки муҳоҷиронро бо ваъдаи тайёр кардани санадҳояшон фиреб медиҳанд, фош мекунад, барои маоши муҳоҷирон бо корфармоёни беинсоф вориди баҳс мешавад. Видеои Коля-Таджикро дар каналаш дар Ютуб даҳҳо ҳазор нафар тамошо мекунанд.


Коля-Таджик

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button