ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 110 КИЛО НОС АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ КАЛУГА

Мақомоти гумруки вилояти Калугаи Русия хабар доданд, ки тайи ду моҳи охир дар фурудгоҳи шаҳри Калуга аз  86 мусофире, ки аз Тоҷикистон меомаданд, дар умум наздики 110 кило нос мусодира кардаанд. Ин навъи тамоку дар кишварҳои Осиёти Марказӣ хеле маъруф буда, озодона истеҳсол ва фурӯхта мешавад, вале дар Русия воридот, паҳн кардан ва истеъмоли нос қонунан мамнӯъ мебошад

“Тайи моҳҳои май ва июн, кормандони гумрук дар фурудгоҳи Калуга бағочи 86 мусофиреро, ки аз Тоҷикистон меомаданд, тафтиш карданд. Аз онҳо қариб 110 кило маҳсулоти тамоку ёфт ва мусодира шуд. Ташхис нишон дод, ки ин маҳсулоти тамоку нос мебошад “, –  гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти гумруки Калуга.

Ҳамаи 110 кило носи мусодирашударо нобуд карда, нисбат ба соҳибони онҳо барои  дар эъломияи гумрукӣ нишон надодани ин маҳсулоти тамоку парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Онҳоро барои ин ҷарима мебанданд. Ин, албатта, ба иловаи мусодира ва нобуд кардани халтаҳои носи онҳост, ки барои носкаш ҷазое аз ин сахттар нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button