ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПОДПОЛКОВНИК ОЯҲМАДОВ ВА САРБОЗИ ҚАТОРӢ БЕГМАТОВ

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 июн подполковник ва як сарбози қатории қисми №0203 Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, мустақар дар дидбонгоҳи сарҳаддии “Саразм” дар марз бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқандро барои куштори як сарбози қаторӣ  маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ подполковник Ояҳмадов Фирдавс Самадовичро  бар асоси қисми сеюми моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар беамалӣ, ки боиси марги инсон шудааст, ва сарбози қаторӣ Бегматов Илҳомжон Маҳмадаминовичро бар асоси мқисми сеюми моддаи 110 ва қисми дуюми моддаи 373 дар расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, ва поймол кардани оинномаи хидмати ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, подполковникро ба 9 соли зиндон ва Бегматовро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, бар асоси хулосаи тафтишот, “подполковник, Ояҳмадов Ф.С., ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун шахси мансабдор бефаъолиятӣ ва беамалӣ нишон додааст. Аз ин ҳолат қаторӣ Бегматов И.М. истифода карда, 10 феврали соли 2021 соати 19:20 дақиқа дар назди ҳоҷатхонаи дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Саразм” қисми ҳарбии зикршуда қаторӣ Алиев М.А.-ро дашному ҳақорат карда, қасдан бо дастонаш ба қафаси сина ва қисмати гарданаш зарба задааст.”

Дар натиҷа Алиев М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинобар норасоии шадиди кори дил, рагҳои хунгард ва нафаскашӣ вафот кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button