ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БАРОИ ТОҶИКИСТОН 3 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС МЕХАРАД

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон барои харидани ҳудуди 3 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус 25 миллион доллар кумаки билоиваз ҷудо кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30 июн дар Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин қарордод гуфт, арзиши умумии лоиҳа 26 миллиону 800 ҳазор доллар аст, ки аз он 1 миллиону 800 ҳазорашро ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад ва 25 миллион доллари боқимондаашро Бонки осиёии рушд. Ин лоиҳа то соли 2023 бояд иҷро шавад.

Бонки осиёии рушд қаблан гуфта буд, ин пул барои амалӣ сохтани Нақшаи миллии эмкунии аҳолии Тоҷикистон ҷудо карда шуда, барои эм кардани 1,3 миллион нафар ё 14 фоизи аҳолии ин ҷумҳурӣ кифоят мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳамаи қариб 6 миллион аҳолии синнашон аз 18 болоро аз коронавирус эм кунад.

Бино ба охирин омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 28 июн дар кишвар 205 ҳазор нафар ба зидди коронавирус эм гирифтаанд.

Тоҷикистон моҳи март тавассути Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 192 ҳазор ваксинаи АстраЗенека дарёфт карда, дар аввали моҳи июн  аз Чин 300 ҳазор вояи КоронаВак гирифт. Ҳамаи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон бепул дода шудаанд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуда, 90 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Вале мунтақидон бар инанд, ки мақомот вусъат ва доманаи воқеии густариши коронавирусро дар Тоҷикистон пинҳон мекунанд ва дар асл шумораи воқеии чӣ гирифторон ва чӣ қурбониёни ин вирус дар кишвар хеле бештар аз омори расмист.

Бонки осиёии рушд бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1998, ки Душанбе ба узвияташ пайваст, ба ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ ба маблағи қариб 2 миллиарду 200 миллион доллар кумак расондааст. Ҷои ёдоварист, ки 1 миллиарду 600 миллион доллар аз кумакҳои Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон кумакҳои билоиваз (грант) мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button