ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАХТОВАР ЯҚУБОВ БА ҚОЧОҚИ ДОРУВОР БА МАБЛАҒИ 162 ҲАЗОР СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи шаҳрванд Яқубов Бахтовар Валиҷоновичро баъди анҷоми тафтиши пешакӣ  ба додгоҳ супурдааст. Бахтовар Яқубов, қаблан ҳам бо ҷурми қочоқ суд шуда буд, бар асоси қисми дуюми  моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қочоқи доруворӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, “шаҳрванд Яқубов Бахтовар Валиҷонович қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдонаи моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста бо мақсади ба даст овардани фоида, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст. Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи «Toyota Fielder», рақами қайди давлатиаш 1776 RX 01 тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро, ки мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдафъаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандаро надорад, ба шаҳри Душанбе  интиқол додааст.”

Дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши маводи дорувории аз Бахтовар Яқубов мусодирашуда 162 ҳазору 799 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағи бузург ҳисоб мешавад, ки айбдоршаванда бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст.

Ба Бахтовар Яқубов бар асоси қисми дуюми моддаи 289 барои қочоқи дорувор ба маблағи бузург ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1456 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомон) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button