ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МЕЪМОРИ БОҒИ РӮДАКӢ, КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ВА БОЗОРИ “МЕҲРГОН”

Сироҷиддин Зуҳуриддинов, яке аз маъруфтарин меъморони муосири тоҷик, дар синни 69 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бораи як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар дод. Маросими дафни меъмори шинохта рӯзи 28 июн дар Душанбе доир мешавад. Дар бораи сабаби марги Зуҳуриддинов ба ҷуз як ибораи “бар асари беморие, ки дошт” дигар чизе гуфта намешавад.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов дар тағйири симои пойтахти Тоҷикистон нақши умдае дошт ва тарҳи бисёре аз тарҳҳои бузурги Душанбе маҳсулоти дастони ӯянд. Аз ҷумла лоиҳаҳои иншооти бузурге, ба мисли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои Парлумони Тоҷикистон, бозори “Меҳргон”, маркази савдои “Пойтахт”, қароргоҳи ҳукуматӣ дар Ромит, истироҳатгоҳи президенти Тоҷикистон дар Пуғуси Варзоб, боғҳои Рӯдакӣ, Хайём ва ҷавонон,  толори қабулгоҳи намояндагони ҳукуматӣ дар фурудгоҳи Душанбе,  бинои нави мадраса барои 1500 донишҷӯ дар шаҳриДушанбе,  маҷтамаи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакиро ба Сироҷиддин Зуҳуриддинов нисбат медиҳанд. Марҳум ҳамчунин ҳаммуаллифи  тарҳи майдони  “Истиқлол” аст, ки дар пойтахт бунёд мешавад.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов соли 1952 таваллуд шуда, риштаи сохтмон ва меъмории Донишкардаи политехникии Тоҷикистонро хатм карда ва ҳамчунин ду сол дар ИМА дар риштаи сохтмону меъморӣ такмили ихтисос кардааст. 

Ӯ солҳои 1974-1995  ба ҳайси меъмор, меъмори калон, сармеъмори лоиҳаҳо, директори ИЛ “Душанбегипрогор” кор кардааст. Солҳои 1995-1997 Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе, сармеъмори шаҳри Душанбе, 1997-2002 Сармеъмори устохонаи илмию эҷодии ТҶ “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ”, 2002-2015 директори ҶСК “Саноатсоз” ва аз соли 2015 Мудири кулли устохонаи илмию эҷодии ТҶ “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ” буд.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов дорандаи ордени “Шараф” ва узви вобастаи “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ” буд.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button