ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 86 ҚУТТӢ ДОРУИ ПСИХОТРОПӢ АЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ СУРГУТ

Дар фурудгоҳи шаҳри Сургути Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи миқдори зиёди доруҳои психотропӣ дастгир кардаанд. Сухангӯи гумруки минтақаи Тюмен Мария Тантакова  хабар дод, ки ҳангоми тафтиши бағочи марде, ки бо хатсайри Хуҷанд – Сургут вориди Русия шуда буд, аз ҷомадонаш 86 қуттӣ (блистер)-и  доруи «Фенобарбитал-ЗН» ёфт шудааст. Дар ҳар блистер 10 ҳаб ва дар умум дар бағочи ин мусофир аз Тоҷикистон 860 ҳаб доруи психотропӣ пайдо кардаанд. Фенобарбитал барои табобати бемории эпилепсия истифода мешавад, вале маводи психотропӣ дониста мешавад ва тибқи дорухати табиби равоншинос бояд таҳти назорати шадид тақсиму тавзеъ шавад.

“Кормандони гумрук қарор карданд, ки ин доруҳоро мусодира кунанд”, – хабар дод роҳбари гузаргоҳи гумрукии Сургут Игор Галузин ба пойгоҳи хабарии маҳаллии tumentoday.ru.

Ташхис нишон дод, ки дар таркиби ин доруҳо маводи психотропии фенобарбитал вуҷуд дорад, вале шаҳрванди Тоҷикистон барои ворид кардани он ба Русия ҳуҷҷат надошт.

Маълум нест, ки ӯ ин доруҳоро барои табобати худ ё ягон нафар аз наздиконаш ба Русия мебурд ё бо мақсади фурӯш?

Ба зидди шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси ду банди Кодекси ҳуқуқвайронкуннии Русия бо иттиҳоми нишон надодани эъломия ва кӯшиши қочоқи маҳсулоте, ки воридоташ ба Русия маҳдуд шудааст, протокол тартиб додаанд. Ба ӯ барои ин ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2500 рубл бо мусодираи маводи гирифташуда таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button