ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

53 АФСАРУ АСКАРИ АФҒОН БА ӮЗБЕКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 24 июн бо нашри як баёния хабар дод, ки рӯзи 23 июн 53 низомии Афғонистон ва силоҳбадастони дастаҳои худдифоӣ аз ҳудуди вулусволии Шӯртеппа  бо силоҳҳои худ ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд. Вале “баъди анҷоми тадбирҳои лозими шиносоӣ ва амалҳои тафтишотӣ ин шаҳрвандони Афғонистон ба Ватанашон баргардонда шуданд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Аксари аҳолии вулусволии Шӯртеппаро ӯзбекҳои Афғонистон ташкил медиҳанд. Вале ВКХ Ӯзбекистон изҳор дошт, ки «ҳама гуна кӯшишҳои ғайриқонунӣ гузаштан ба қаламрави Ӯзбеистон  ба сурати шадид пешгирӣ карда шуда, нисбат ба сарҳадшиканон чорашои шадидтарин андешида мешаванд. Ҷониби Ӯзбекистон қотеъона пойбандиаш ба муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ бо Афғонистон, ҳифзи бетарафӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии ин кишвари ҳамсояро таъкид мекунад.»

ВКХ гуфт, Тошканд бо таваҷҷуҳ тағйирот дар вазъи сиёсиву ҳарб дар Афғонистон, бахусус дар манотиқи ҳаммарз бо Ӯзбекистон дар шимоли он кишварро назорра дорад ва “афзоиши хушунат дар кишвари ҳамсоя мояи нигарониҳои амиқ шудааст. Ташдиди вазъият дар шароити мавҷи нави пандемияи коронавирус зиндагии мардуми афғонро боз ҳам мушкилтар мекунад.”

Тошканд аз ҳамаи тарафҳои зидахли низоъ дар Афғонистон хостааст, ки аз хушунат даст бикашанд ва ба қурбон шудани мардуми бегуноҳи мулкӣ роҳ надиҳанд.

Ӯзбекистон аз 22 июн ҳамаи гузаргоҳҳо дар марз бо Афғонистонро баста, додани виза ба шаҳрвандони он кишварро қатъ кард, вале гуфт, ин маҳдудиятҳо ба сабаби “бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон”  ҷорӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, қаблан Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзи 22 июн, дар пайи ба дасти ҷангиёни Толибон афтодани Шерхон Бандар, гузаргоҳи бузургтарин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, 134 тан аз низомиҳои афғон бо силоҳҳои худ ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд.

Нашрияи «Фараж» рӯзи 24 июн аз қавли як манбаъ хабар дод, ки сарбозони афғони ба хоки Тоҷикистон ақибнишиникардароимрӯз ба ҳукумати Афғонистон супоридаанд.

Ҳамчунин муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун Аҳёев Муҳаммадӣ ба рӯзноманигорон гуфтааст, вазъи саломатии ду сарбози афғон, ки инҷо таҳти назорати духтурон буданд, хуб шудааст ва субҳи 24 июн ин ду сарбозро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

«Вақте ба мо муроҷиат карданд, мо гурӯҳи ёрии таъҷилиро фиристодем ва ёрии аввали тиббӣ расонидем. Баъдан барои таҳти назорати духтур гирифтан ба бемористон овардем. Вазъи саломатияш, ки хуб шуд, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридем», —нақли қавл кардааст нашрияи “Фараж” аз Муҳаммадӣ Аҳёев

Ҷангҷӯёни Толибон дар чанд рӯзи охир беш аз 60 ноҳияро дар манотиқи гуногуни Афғонистон, аз ҷумла даҳҳо ноҳияро дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон игғол карданд. Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button