ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МӮСАФЕДИ БЕМОРИ РӮҲИРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ…

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба зидди як 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин сокини Конибодом ба он айбдор мешавад, ки субҳи 22 июн, соати 09:30, дар назди мактаби миёнаи №1 бо марди 61-солаи сокини Конибодом, ки гирифтори бемории рӯҳӣ будааст, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо мушту лагат латтукӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Ба авбош акнун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххх

Ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 18 июн, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 54-солаи сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ телефони мобили тамғаи «Самсунг А-9»-ро кашида гирифта, ба соҳиби телефон 1920 сомонӣ зарар расондааст.  Ин ноболиғ акнун ба ғоратгарӣ муттаҳам мешавад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бемори рӯҳӣ

22-юми июни соли 2021, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст, ки номбурда рӯзи 22-юми июни соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар назди МТМУ №1 шаҳри мазкур бо марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр, дорои касалии рӯҳӣ, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо дасту пояш мавриди лату кӯб қарор додааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми июни соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Самсунг А-9»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 920 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button