ВидеоДин ва боварҳо

МАХДУМИ АБДУЛҲАҚ АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ (ВИДЕО)

Рӯҳонии тоҷик Абдулҳақ Обидов, маъруф ба Махдуми Абдулҳақ, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо баъди ду моҳи боздошташ аз ҳабс озод кардаанд. Манбаи ин хабар Радиои Озодӣ ҳамчунин хабар дод, ки Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ду нафари дигаре, ки моҳи апрел ҳамроҳи Махдуми Абдулҳақ боздошт шуда буданд, низ озод шудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ  хабарии раҳоии Абдулҳақ Обидов ва ҳамроҳонашро тасдиқ кардааст. “Махсуми Абдулҳақ дигар имомхатиби масҷид нест, вале раҳо шудааст”,— гуфтааст ин манбаъ.

Абдулҳақ Обидов шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Хабари боздошти ӯро аввалин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард.

Манобеи сомонаи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақро дар пайи як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд.

Домулло Абдулҳақ дар  он маросим Домулло Ҳикматуллоҳро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале КДАМ рӯзи 22 апрел гуфт, Обидов ва 5 сокини дигари шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи экстремистии Салафия дастгир шудаанд. Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар як баёния даъват кард, ки ба овозаҳо дар бораи ба суханрониаш дар намози ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳ рабт доштани парвандаи Махдуми Абдулҳақ дода нашаванд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button