ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
АЗ КАНАЛИ ҲИСОР ҶАСАДИ ЯК МАРДИ НОШИНОСРО ПАЙДО КАРДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19 июн ба Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе дар бораи рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор хабар расид. Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи зери пули Ҳаёти нав ҷасадро аз байни канал ба соҳил оварданд.
Ғарқшуда як марди ба зоҳир тахминан 50-55 –сола буда, шахсияташ ҳанӯз маълум нест.
Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. КҲФ гуфт, мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд.
Аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар ғарқ шудаанд.