ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОЛИБОН ДУ НОҲИЯ ВА ГУЗАРГОҲИ ШЕРХОН -БАНДАРРО ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ИШҒОЛ КАРД

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон дар остонаи хуруҷи нирӯҳои эътилоф фишори худро болои нирӯҳои ҳукуматӣ торафт афзоиш медиҳанд. Бино ба иттилои мақомоти амниятӣ, танҳо дар як шабонарӯзи охир ҷангҷӯёни Толибон боз 9 ноҳияи дигарро тасарруф кардаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, нирӯҳои давлатӣ тавонистанд рӯзи 21 июн толибҳоро аз ду ноҳияи вилояти Тахор берун андозанд, вале дар айни замон аз се ноҳияи вилояти Балх: Шулғара, Давлатобод ва Кушинда; вулусволиҳои  Қалъаи Зол ва Имом Соҳиби вилояти Кундуз; вулусволиҳои Душӣ ва Ҷулгаи вилояти Бағлон; вулусволии Оқча дар вилояти Ҷузҷон дар шимоли кишвар; ва вулусволии Зазай-Арюб дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистонро ба Толибон бидиҳанд.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 21 июн ҳамчунин пойгоҳи ҳарбии Урдуи давлатии афғонистон дар вулусволии Хушии вилояти Луғар ва рӯзи 22 июн Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳи гумрукиву сарҳадӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро, ки дар тиҷорати байни ду кишвар нақши калидӣ дорад, ишғол кардаанд.

Вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз  дар як вазъияти сахт қарор гирифтааст. Қабл аз Имом Соҳибу Қалъаи Зол ва инак, Шерхон-Банда, Толибон дар ин вилоят чанд ноҳияи дигарро низ тасарруф карда буд ва ҳоло, ҷангҳои сахте барои тасарруфи шаҳри Кундуз, маркази ин вилоят идома доранд.

 Бино ба гузоришҳои расида, ҳамин тавр, ҷангҳои сахт дар даромади чанд шаҳри дигари муҳим, аз ҷумла шаҳри Маймана дар вилояти Форёб, шаҳри Толуқон дар вилояти Тахор, шаҳри Пули Хумрӣ дар вилояти Бағлон ва шаҳри Сари Пул дар вилояти ҳамноми Сари Пул рафта истодаанд.

Шоҳроҳи асосие, ки Кобул, пойтахти Афғонистонро бо манотиқи шимоли ин кишвар мепайваст, низ ду рӯз боз ба далели пешрафтҳои Толибон дар ноҳияи Душии вилояти Бағлон баста аст.

Дар пасманзари ин рӯйдодҳои изтиробовар, қарор аст, президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 25 июн дар Вашингтон бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар доктор Абдуллоҳ мулоқот кунад. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, як мавзӯи асосии ин дидор баррасии роҳҳоест, ки “Афғонистон дигар ҳеҷ гоҳ ба паноҳгоҳи гуруҳҳои террористие, ки барои Амрико низ таҳдид эҷод мекунанд, табдил наёбад.”

Вале пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар пасманзари пешрафтҳои ахири Толибон маҷбур шуд, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъудро ахиран вазири дифоъ таъйин кунад. Ашраф Ғанӣ тайи 7 соли раёсаташ ягон бор намояндагони қавмҳои ғайрипаштунро ба роҳбарии ин вазорати калидӣ дар ҳукуматаш таъйин накарда буд.

Ҳафтаи гузашта раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 низ мебошад,  ҳушдор дод, ки бо дарназардошти вазъи мураккаб ва ноамн дар Афғонистони ҳамсоя бояд ба қабули гурезаҳо аз он кишвар тайёрӣ дид. Тибқи маълумоти расмӣ, феълан вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурўҳҳои тундрав аксари минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар ҳудуди ин вилоят пурра ё қисман тасарруф кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button