ВидеоДин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ТАНҲО ДУ ҲАФТА ИСТОДАГАРӢ КАРДУ ХАЛОС… ДАРГУЗАШТИ ДОМУЛЛО АБДУРАҲМОН АЗ КОРОНАВИРУС (2 АКС)

Рӯзи 20 июн рӯҳонии тоҷик Абдураҳмон Боқизода дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Домулло Абдураҳмонро дар деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. Гуфта мешавад, ки Домулло Абдураҳмон қурбони коронавирус шудааст.

Журналисти тоҷик Олим Сафолов дар Фейсбук навишт: “Имрӯз (20.06.2021) яке аз домуллоҳои хубу бомаърифат, босаводу инсондӯст ва парҳезгор – Абдураҳмон Боқизода дар синни 62 дунёи фониро тарк намуд. Дар муқобили беморие, ки айни замон аксари мардуми сайёра бар зидди он мубориза мебаранд, танҳо ду ҳафта истодагарӣ карду халос. Чанд соат пеш ӯро ба хок супоридем.”

Дар маросими намози ҷанозаи Домулло Абдураҳмон дар деҳаи Гулпарвар муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, марҳумро ҳамчун як шахси хоксор, ҳалим, меҳрубон, донишманд ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тавсиф кардааст.

Олим Сафолов менависад, ҳама аҳли деҳаи Гулпарвар Домулло Абдураҳмонро ҳамчун як пир, як устод ва як домулло эҳтиром мекарданд. Даҳҳо нафар аз дасти эшон қуръонхон шуданду саводи динӣ гирифтанд. Имрӯз бародари эшонАбдушариф Боқизода ховаршинос, донишманд ва пажӯҳишгари улуми исломӣ муаллифи рисолаҳои «Фиқҳи исломӣ», «Тафсири навини Қуръони карим» ва чандин асарҳои дигари исломӣ ба ҳисоб меравад”, – менависад Олим Сафолов.

Вай инчунин аз солҳои 90 ёдоварӣ кардааст, ки вақте Домулло Абдураҳмон ах мардум даъват мекард, то аз маросимҳои ба ном исломию дар асл ба шариати ислом ягон алоқамандие надошта, даст кашанд, ӯро ваҳҳобӣ бароварданд.

“Вақте дар ҷанозаи падараш бо нишони ислоҳшавиро аз худ сар кардан, ба ҷанозахонҳо пул надод (он солҳо ба ҳар як ҷанозахон пул медоданд. Ва кӣ чандсӯмӣ медиҳад гӯён як сабқате буд) мардум нисбати эшон чӣ гумонҳое, ки накарданд ва чӣ суханҳое, ки нагуфтанд. Аммо баъди зиёда аз даҳ сол ин расму русуми зиёдатӣ тавассути қонун ба танзим даромад ва… мардум ба ёд оварданд, ки домулло Абдураҳмон зиёда аз даҳ сол пеш дар ин бора мегуфт, аммо на ҳама ӯро дуруст мефаҳмиданд навиштааст Олим Сафолов.

Чанд ҳафтаи охир аз Тоҷикистон хабарҳои пуртаҳлука дар бораи омадани мавҷи нави коронавирус ба ин кишвар ба даст мерасанд.

Рӯзи 19 июн Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бемористони маҳаллаи Якум Советский баъди ду ҳафтаи зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор доштанаш вафот кард. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Абдураҳимзода бо зану писараш бо аломатҳои коронавирус дар ин бемористон бистарӣ шуда буданд. Вале як манбаи “Спутник” гуфтааст, Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва зану фарзандаш моҳи майи соли 2020 бемории коронавирусро пушти сар карда буданд ва ин дафъа бар асари истеъмоли оби сард бистарӣ шуда буд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 инак қариб ним сол боз ҳар рӯз бо исрор ҳисобот медиҳад, ки “дар як шабонарӯзи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор карда нашуд.” Хадамоти матбуоти ин вазорат низ мавридҳои афзояндаи бо аломатҳои коронавирус ба бемористонҳо афтодани сокинонро асароти истеъмоли яхмосу оби сард ва оббозӣ дар оби хунук номида, пойфишорӣ дорад, ки онҳо ба бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас, ба мисли зуком ё пневмония дучор шудаанд, на ба коронавирус. Вале мардум ба ин қиссаҳои “яхмосу оби сард” торафт камтар бовар мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button