ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 17 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими панҷшанбе, 17 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

329 МИЛЛИОН ДАР 3 МОҲ: ДАРОМАДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ҲАМОНО ПОЙИН МЕРАВАД, АЗ МУҲОҶИРОНИ ӮЗБЕКУ ҚИРҒИЗ БАРАКС АФЗУДААСТ

ФАЛАК, ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ? ХУДКУШИИ ТАБИБИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ПАРВАНДАИ ЯК ТОҶИК БАРОИ ТАБЛИҒИ ТЕРРОРИЗМ ДАР БАЙНИ 5 ҲАЗОР НАФАР ДАР ИНТЕРНЕТ

ХИТОЙ БАРОИ ИДОМАИ СОХТМОНИ РОҲИ БАДАХШОН БЕШ АЗ 200 МЛН $ КУМАК МЕКУНАД

ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР КРАСНОЯРСК ДАСТГИР ШУДААСТ

ЯК КӮДАКИ 11-СОЛАРО ДАР БАҲРИ ТОҶИК АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОДААНД

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 130 000 ДОЛЛАР ВА ДУЗДӢ ДАР ҒАФУРОВ ВА ИСФАРА

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Дар се моҳи аввали соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 329 миллион доллар пул фиристода шудааст. Ин назар ба 359 миллион долларе, ки моҳҳои январ-марти соли гузашта  аз Русия ба Тоҷикистон ирсол шуд, 30 миллион доллар, ё 9% камтар аст.

 Ин арқом аз омори расмиест, ки Бонки марказии Русия рӯзи 17 июн нашр кард.  Ин омор ҳокист, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунон паёмадҳои пандемияи коронавирусро ҳанӯз пушти сар накардаанд. Дар семоҳаи дуюм шояд вазъияти онҳо билохира тағйир ёбад, чунки Русия аз 1 апрел марзашро барои парвозҳо аз Тоҷикистон ва табъан ба рӯи муҳоҷирони тоҷик кушод.

Бар асоси омори расмии Бонки марказии Русия, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар байни кишварҳои СНГ дар мақоми сеюм аст.  Аз ҳама бештар имсол аз Русия ба Ӯзбекистон (967 миллион доллар) пул фиристодаанд. Дар ҷои дуюм боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ  –  Қирғизистон истодааст, ки имсол аз Русия ва низ асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 407 миллион доллар пул дарёфт кардааст.

Ҷолиб ин аст, ки ба фарқ аз Тоҷикистон, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Барои муқоиса ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 208 миллион доллар (967 миллион ба ҷои 759 миллиони як сол пеш) ё 27,4 фоиз ва ба Қирғизистон 48 миллион доллар (407 миллион ба ҷои 359 миллиони як сол пеш) ё 14% афзудааст.

Ба Туркманистон, ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз пули муҳоҷиронаш дар Русия вобастагӣ надорад, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз Русия ҳатто камтар аз 1 миллион доллар пул фиристода шудааст, ки ба қавле, ҳатто кирои гуфтан надорад.

Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32%камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.

Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

ххххххххххххххх

Фалак, фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона кардӣ оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

Журналисти тоҷик Шервони Умриддин бо зикри ин мисраъҳои устод Лоиқ Шералӣ хабар дод, ки Ҳеҷ бовар нокарданист, ки боз як пизишки тоҷикро дар Русия аз даст додем… Ин пизишк Зубайдулло Нуров ҳаст, ки дар синни 34 моро тарк кард… Сад дареғ, ки ҳамдеҳаам, инсони хоксор ва донишманд Зубайдулло Нуров низ рӯй бар ниқоби хок кашид ва бо ин ҷаҳони бе бақо видоъ гуфт.

Шервони Умриддин дар бораи сабабҳои марги табиби тоҷик дар чунин синни ҷавон чизе нагуфтааст, вале бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Зубайдулло Нуров рӯзи 15 июн дар шаҳри Маскав дар пайи як муноқишаи оилавӣ худро ба дор овехтааст.

Зубайдулло Нуров зодаи деҳаи Рукнободи ҷамоати Ворӯи Панҷакент Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм карда, се соли охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскави Русия ба ҳайси табиби ортопед (шикастабанд) кор мекард. Ӯ аз худ ду фарзанд: як писар ва як духтари хурдсолро ба ҷо гузошт.

Интизор меравад, ҷанозаи Зубайдулло Нуров рӯзи 18 июн бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуда, дар зодгоҳаш деҳаи Рукнобод ба хок супурда шавад.

Аз аввали соли 2021 ин алакай сеюмин зодаи танҳо деҳаи Рукнобод аст, ки дар мулки ғурбат ва танҳо дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷон супурданд.

Рӯзи  20 январи соли ҷорӣ журналист Дониёр Масеҳоев дар Маскав  дар зери чархи мошин ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 40 сол дошт.риштаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва собиқ устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии риштаи журналистика, 10 соли охир ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар Маскав ба пухтани оши 1 ба 1 Панҷакент машғул буд. Аз Дониёр Масеҳоев  4 фарзанд – 1 духтар ва 3 писар боқӣ монд.

Рӯзи 21 март Меъроҷиддин Иноятов, як зодаи дигари Рукнободро дар Маскав барқ зад ва чунон сахт, ки ҷобаҷо ҷавонмарг шуд. Меҳроҷиддин ҳамагӣ 28 сол дошт ва  муҷаррад аз дунё рафта, нишоне аз худ боқӣ нагузошт.  Аз ӯ ягон нишонае намонд. Меъроҷиддин Иноятов хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент буд, вале тӯли 5 соли охир кӯи мардикорӣ дар Русияро пеш гирифта буд…

хххххххххххххххх

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҷумҳурии Хакасияи Русяи бо иттиҳоми даъват ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар маҳзари ом тавҷеҳ, яъне сафед кардани терроризм дастгир кардаанд. Дар ин бора рӯзи 17 июн раёсати ФСБ дар Хакасия хабар дод. ФСБ шахсияти зодаи Тоҷикистонро ҳанӯз ифшо накардааст, вале видеои лаҳзаи боздошти ӯ дар расонаҳои маҳаллӣ чоп шудааст.

Бино ба иттилои ФСБ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар байни муҳоҷирон фаъолияти як созмони байналмилалии террористии дар Русия мамнӯъ бо номи “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод”-ро таблиғ мекард. Ӯ ба ин мақсад дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсус кушода, алакай беш аз 5 ҳазор корбар (“подписчик”) ҷамъ оварда будааст.

“Дар ин робита бар асоси таркиби ҷиноятҳои дар қисми дуюмуми моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия пешбинишуда (“Даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ, дар маҳзари ом тавҷеҳ кардани терроризм ва таблиғи терроризм “) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар чорчӯби ин парвандаи ҷиноятӣ гумонбаршаванда дар баёноташ ба ҷинояте, ки ба гарданаш дайн карда мешавад, иқрор кардааст. Аз вай маводе, ки фаъолияти террористиро тарғиб мккард, воситаҳои алоқаи элетронӣ ва маълумоте, ки фаъолияти зиддиқонунии ӯро тасдиқ мекунанд, гирифта шудааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Шаҳрванди Тоҷикистонро феълан барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 205.2 барои таблиғу тавҷеҳи терроризм ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 1 миллион рубл ваё аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

, ч. 2 грозит штраф в размере от 300 тысяч до одного миллиона рублей или лишение свободы на срок от пяти до семи лет.

“Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод” як созмони ифротии аз лиҳози ақида наздик ба ДОИШ аст, ки ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Ироқ таъсис додаанд. Таҳти парчами он асосан ҷангҷӯён аз Ӯзбекистон ҷамъ шуда буд. Ин гуруҳ бо қарори додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав аз 5 июни соли 2019  № 2-63/2019 созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Русия манъ карда шудааст.

Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо иддао доранд, ки мақомоти амниятии Русия онҳоро беасос бо далелҳои бофтаю сохта ба терроризм айбдор кардаанд.

ххххххххххххххххх

Як қисмати роҳи Қалъаи Хумб то Ванҷ. Акс аз Азия Плюс

Хитой (Чин) барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе – Хоруғ — Қулма ба Тоҷикистон 203.9 миллион доллар грант ё кумаки ройгон медиҳад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 июн дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумон хабар дод. Азим Иброҳим гуфт, ин маблағи билоиваз барои бунёди қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон сарф мешавад. Ин қитъа аз харобтарин қисматҳои шоҳроҳи аз нигоҳи стратегӣ барои Тоҷикистону Чин муҳими Душанбе – Хоруғ — Қулма ба шумор меравад. Молҳо аз Хитой ба Тоҷикистон асосан тавассути ҳамин шоҳроҳ ворид карда мешаванд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт ба вакилон гуфт, қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-марзи ноҳияҳои Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, ниёз ба таъмир дорад.

“Роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии роҳи автомобилгарди Осиё рақами 66 буда, барои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, тиҷорати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон нақши муҳим мебозад”,- гуфтааст вазир дар ҷаласаи парлумон.

Аммо гранти Чин шартҳои худро доштааст. Бино ба гузориши радиои Озодӣ, харҷи маблағ ва мудирияти корҳоро як ширкати Чин анҷом медиҳад ва воридоти дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурӣ барои бунёди ин қитъаи роҳ ва ҳамчунин бору колои ҳайати кории тарафи Чин аз андоз ва боҷи гумрукии Тоҷикистон озод мешаванд.

Ҳамин тавр, бар асоси номаи ҳукумати Тоҷикистон ба Чин, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Душанбе ваъда додааст, ки баъди сохтани роҳ аз Қалъаихумб то ноҳияҳои Рӯшон дар ҷойҳои намоёни роҳ “логотипи “Ёрии Чин” (China Aid)-ро” насб мекунад. Таъмири роҳ ҳам бар асоси қарордоди ду ҷониб аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад.

“Тарафи Тоҷикистон дар асоси шартномаи сохтмон ва ҷадвали лоиҳа барои интиқоли маблағ дархост пешниҳод мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз тасдиқи дархост аз ҷониби ширкати идоракунии Чин маблағро ба таври мустақим ба суратҳисоби ширкати чинии сохтмонӣ интиқол медиҳад”, – омадааст дар мактуби Тоҷикистон ба Чин.

Хитой сармоягузори №1 ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Тақрибан нисфи қарзи қариб семиллиарддоларии Тоҷикистон қарзҳои додаи Чин аст, ки ин нигарониҳоеро дар ҷомиа ба бор овардааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Раёсати Росгвардияи кишвари Красноярски Русия рӯзи 17 июн аз боздошти як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз поёни соли 2018 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Ин нафар баъди ба зиддаш кушодани парванда ба Русия фирор карда буд, вале ҳангоми тафтиши аснодаш дар яке аз кӯчаҳои Красноярск кормнадони Росгвардия номи ӯро дар рӯйхатти шахсони таҳти ҷустуҷӯи федералӣ пайдо кардаанд.

Бино ба иттилоияи нашршуда дар сомонаи раёсати Росгвардияи кишвари Красноярск, ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Советский дастгир кардаанд.

 «Рӯзона, ҳангоми дидбонӣ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Советский, ҳайъати дидбонии бахши муҳофизати Росгварди (наряд вневедомственной охраны Росгвардии) як марди роҳгузарро, ки рафтораш шубҳаи кормандони Росгвардияро ба бор овард, манъ кард. Ҳангоми тафтиши санадҳо маълум шуд, ки ин шаҳрванди  36-сола аз моҳи декабри соли 2018 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани амалҳои қаллобӣ ҷустуҷӯ мешавад», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Шаҳрванди дастгиршударо барои баррасии минбаъда ба пулис супурдаанд. Акнун масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 16 июн, соати 12:10, ҳангоми оббозӣ дар як макони мамнӯи обанбори нирӯгоҳи Қайроққум, ки бо номи “Баҳри Тоҷик” маъруф аст, як сокини 11-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва кӯдакро беназорат гузоштани волидон қариб буд ғарқ шавад. КҲФ Тоҷикистон гуфт, наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар инҷо шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, тавонистанд зуд ба ҷои ҳодиса расида, ин кӯдакро аз об берун бикашанд ва аз марги ногузир наҷот диҳанд.

“Ин дафъа низ бо шарофати амалҳои саривақти наҷотбахшон аз фоҷиа пешгирӣ карда шуд. Боз як ҳаёти инсон наҷот дода шуд!”  – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл КҲФ хабар дода буд, ки рӯзи 15 июн дар обанбори Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҷавони 19-соларо аз ғарқ шудан наҷот додаанд. Вале дар ҷануби Душанбе як ҷавони 22-сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли сунъии маъруф ба номи “Мехкарйер” дар маҳаллаи Чимтеппа ғарқ шуда, ҷон бохтааст.

Бино ба ҳисоби КҲФ, дар 5 моҳи аввали соли 2021 дар дарёҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи онҳоро  кӯдакону наврасони то синни 16  ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест ки мавсими оббозӣ дар кишвар тоза дар ҳоли авҷ гирифтан аст.

КҲФ менависад, бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор бисёриҳо дар лаби об ҳамчунон фориғболӣ зоҳир мекунанд, ки метавонад бо оқибатҳои фоҷиабор биорад. Ин ниҳод бори дигар аз сокинон хост, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми обоззӣ қатъиян риоя кунанд ва аз ҷумла:

– танҳо дар маконҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд

 дар ҳолати мастӣ  ба об надароянд,

– танҳо ё дар соатҳои шабона оббозӣ накунанд,

– волидон кӯдакони худро дар соҳили кӯлу ҳавзу  дарёҳо беназорат нагузоранд!

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир кормандонаш дар Душанбе се маротиба ба кумаки сокинони пойтахт шитофта, дарҳои қуфлшудаи онҳоро ба воситаи асбоби махсус кушодаанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020 дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат аз ӯ 130 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол пулашро барнагардондааст.
ххххххх

Ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо гумони дуздӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, ки ду нафар шаби 11 июн, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба сокини 29-солаи ҷамоати Д.Холматов тааллуқ дорад, як адад ноутбук ва як адад айнаки мардонаро дуздида, ба соҳиби мошин 12 ҳазору 560 сомонӣ зарар расондаанд.

ххххххххх

Сокини 25-солаи Исфара ба он гумонбар мешавад, ки соати дуи шаби 13 ба 14 июн, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ленин» як сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 55-солаи сокини Исфара тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button