ВидеоТоҷикистонҶомеа

ЯК ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ ХОҲАРАШРО БО КОРД КУШТ, ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕ АМАКАШРО ҚАТЛ КАРДААСТ

ВКД Тоҷикистон аз ду ҳодисаи куштани хешу табори наздик хабар дод. Як ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент рӯзи 15 июн, соати 14:00  дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ хоҳари 19-солаашро бо 5 зарбаи корд куштааст. Рӯзи 14 июн, соати 19:00 дар Душанбе як марди 43-сола, ки пеш дар Русия ҳам суд шуда, 7 соли охир дар маҳбаси сукунатӣ адои ҷазо мекард, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ амаки 48-солаашро бо ду зарбаи корд ба қисмати дилаш ба қатл расондааст.

ВКД гуфт, як ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, рӯзи 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо хоҳараш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 5-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Дар бораи сабаби ҷанҷоли акаю хоҳар, ки бо чунин фарҷоми хунин поён ёфт, чизе гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин ҷавон барои қатли хоҳараш то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти ВКД ҳамчунин аз ошкор шудани як ҳодисаи одамкушӣ дар Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилоияи расмӣ, марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст ва соли 2014 бар асоси моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол дар колонияи ислоҳии сукунатӣ адои ҷазо мекард,  ин дафъа даст ба одамкушӣ задааст.

“Номбурда, 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 19:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо амакаш марди 48-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, сипас бо корд 2 -маротиба ба қисмати дилаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – гуфта мешавад дар хабари ВКД.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон хабарҳо дар бораи куштори хешовандони наздик ва ҳатто аъзои оила зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба коста шудани сатҳи ахлоқии ҷомиа ва аҳамияти қаблии худро аз даст додани арзишҳои суннатие, чун риштаҳои хешутаборӣ, бастагӣ медиҳанд, рӯҳониён аз арзишҳои динӣ дур шудани мардумро муқассир мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button