ВидеоДин ва боварҳоФарҳангЧеҳраҳо

ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ ОВОЗХОНИ ТАРОНАҲОИ ОРИФОНА МУҲАММАДСАИДИ САИД

Овозхони маъруфи тароназои орифона, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадсаиди Аҳмад  рӯзи 14 июн дар зодгоҳаш, деҳаи Гулхании Ҳисор ба хок супурда шуд. Хабарнигори тоҷик Сӯҳроби Зиё бо нашри чанд видео аз маросими видоъ ва дафни ҳунарманд аз деҳаи Гулханӣ хабар дод, ки дар ин маросим садҳо нафар аз водии Ҳисор ва саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳанг иштирок карданд. Муҳаммадсаиди Аҳмад субҳи 14 июн дар синни 66 аз олам чашм пӯшид.

Ҳаркӣ аз модар таваллуд шуд, ризқи мавт шуд,

Ҳаркиро аз ҳаркӣ пурсидем, гуфтанд, фавт шуд.

Чаро ғам мехӯрӣ аз баҳри мурдан?

Магар онҳо ки ғам хӯрданд, намурданд?

Ин байтҳоро дар маросими дафни Муҳаммадсаиди Аҳмад қироат карданд.

Муҳаммадсаиди Аҳмад  асосан таронаҳои мазҳабӣ месароид. Ӯ аз худ садҳо таронаи орифона ба ҷо гузошт, ки дар дили мухлисонаш боқӣ хоҳанд монд.

Sohrab Zia

Зуҳри имрӯз, 14 июни соли 2021 бо ҳузури садҳо тан аз мардуми водии Ҳисор ва саросари ҷумҳурӣ, аҳли ҳунару фарҳанги кишвар, дар рустои Гулхании шаҳри Ҳисор маросими хоксупории Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Аҳмадов баргузор шуд. Ӯ аз зумраи маҳбубтарин овозхонҳои мардумӣ ва хонандаҳои орифи мо буд ва садою ҳунари волое дошт. Афсус ва сад афсус ки марги нобаҳангом риштаи умри ин ҳунарманди мумтози моро дар 66-солагӣ гусаст ва ҳазорҳо тан аз ҳаводорони ҳунару истеъдодашро дар сӯги ӯ нишонд.

Худованд маъвояшро биҳишт ва номи неку хотираашро ҷовидона дар қалби мардуми азизи Тоҷикистон зинда нигаҳ дорад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button