ВидеоҶомеа

ВИДЕО: ЛАҲЗАИ ЛАТТУКӮБИ ДУХТАР ДАР ДАРУНИ ЯК МОШИН ДАР ДУШАНБЕ

Ҳодиса ТВ, як гуруҳи фейсбукӣ, ки зоҳиран ба ҷои гуруҳи қатъшудаи Парвиз ТВ таъсис дода шудааст, рӯзи 14 июн бо логотипи Парвиз ТВ ду видеои лаҳзаи латтукӯби як духтар дар даруни як мошинро нашр кард.

Муаллифи видео мегӯяд, ин ҳодиса тарафҳои шоми 13 июн, тахминан соати 18:30, дар наздикии Маркази диагностикӣ дар шаҳри Душанбе дар дохили мошини рақами давлатиаш 9399 PB 01 рӯй додааст.

Дар видео дида мешавад, ки ронандаи ҷавони мошин аз ҷои нишасти ронанда ба қафо тоб хӯрда, як духтарро, ки дар нишастгоҳи қафо нишастааст, бо мушту шаппотӣ латтукӯб мекунад. Ин ҷавон ба ин иктифо накарда, аз дохили мошин ба самти нишастгоҳи қафо гузашта, ба латтукӯби духтар бо шиддати бештар идома медиҳад.

Зоҳиран доду фарёди духтар диққати роҳгузаронро ба худ кашид ва як зани роҳгузар ба пеши мошин меояд, то бифаҳмад, ки дар дохили он чӣ мегузарад ва чаро он ҷавон он духтарро бо чунин бераҳмӣ зада истодааст?  Ин зан ба мошин наздик шуда, ҳатто кӯшиш мекунад, ки дари мошинро бикушояд, вале дар аз дарун қуфл будааст.

Баъди ин, ҷавон зиёд шудани таваҷҷуҳи атрофиён ба ҳодисаи даруни мошинашро дида, ба нишастгоҳи пеш, ба курсии ронанда бармегардад ва баъди чанде мошинро аз онҷо меронад ва фирор мекунад.

Сабаби муноқишаи ин ҷавону духтар дар дохили мошин норӯшан боқӣ мемонад.

Вале бисёре аз корбарон баъди тамошои видеои латтукӯби духтар навиштаанд, ки ин видеоҳо онҳоро ба ҳолати шок андохт. Онҳо изҳори ақида кардаанд, ки латтукӯби зан ё духтар барои ягон мард амали зебанда нест ва ҳеҷ далеле зӯроварӣ нисбат ба ҷинси латифро тавҷеҳ карда наметавонад.

Бисёриҳо ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат карда, хостаанд, то ин ҷавони бадрафторро ёфта, ҷазо диҳанд. РВКД Душанбе маъмулан ба ҳодисаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷомиа қарор мегиранд, фавран вокуниш мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button