ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ БАРОИ ФУРӮШИ ЧИПТАИ ДУШАНБЕ – МАСКАВ БО НАРХИ 12 500 СОМОНӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки як корманди фурудгоҳи Душанберо бо ҷурми ба таври сунъӣ боло бурдани нархи фурӯши чиптаҳои парвоз дастгир кардааст.

Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 10 июн хабар дод, ки “Маҷидов Шаҳзод Давлатович дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе – Москваро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян карда, гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10 500 сомониро талаб кард.”

Шаҳзод Маҷидовро дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10 500 сомонӣ дастгир кардаанд.

Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба Шаҳзод Маҷидов бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ  бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтиши пешакии парванда идома дорад. Ба корманди ҳамакнун собиқи бахҳи амнияти фурудгоҳи Душанбе бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо  ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо байни Тоҷикистону Русия иҷозат дод. Шумори беҳад зиёди хоҳишмандони сафар ба Русия боиси навбатҳои бузург дар назди авиакассаҳои Тоҷикистон шуд ва ширкатҳо бо истифода аз чунин гармии бозор нархи парвозҳои худро то чанд баробар боло бурданд. Ҳаннотон низ бо истифода аз фурсат ба “пулкоркунӣ” аз ҳисоби муҳоҷирон сар карданд.  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button