ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: НАҶОТИ ДУ МОДАР БО 7 КӮДАКИ ДАР ЛИФТ ДАРМОНДА

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаби 9 июн тавонистаанд ду модарро бо 7 тифли аз 6 то 14-сола беосеб наҷот диҳанд.  Ин 9 нафар дар як лифт дар шаҳри Турсунзода дармонда буданд ва барои онҳо наҷотбахшонро аз Душанбе фиристодаанд, – хабар дод КҲФ.

Бино ба иттилоияи ин ниҳод, шаби 8 ба 9 июн ба шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода хабар расид, ки дар як хонаи баландошёнаи касабаи №4 лифт ба сабабҳои техникӣ аз кор мондаву дар дохили он 9 нафар, ки 7 нафарашон кӯдакон ва 2 нафари дигар модарони онҳо буданд, руст мондаанд.

Ин хабар соати 23:00 расид ва дастаи зудамал фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Фасли тобистон ва ҳавои гарм дохили лифтро гармтару нафасгир мекунад. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон фавран аз пайи кор шуданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус зарфи 5 дақиқа лифтро боз карданд ва дармондагонро аз он берун оварданд. 

Ду модари 35-сола бо тифлонашон, ки аз 6 то 14 сол доштанд, беосеб наҷот дода шуданд.

“Сабаби руст мондани лифт эҳтимолан аз меъёр зиёд савор шудани сокинон буд”, –  гуфта мешавад дар хабар.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button