ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РАВУОИ НАҚЛИЁТ ТАВАССУТИ НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ” МАҲДУД КАРДА ШУД

IRS, ширкати масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, аввалин роҳи пулакии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 5 июн убуру мурур аз тариқи нақби “Истиқлол”, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби ин кишвар мепайвандад, маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Бар асоси реҷаи нави маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки ба гуфтаи IRS, “дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор” қабул шудааст, давоми рӯз убуру мурури мошинҳо аз самти Хуҷанд ва аз самти Душанбе ба навбат сурат хоҳад гирифт:

Дар давоми рӯз убуру мурури нақби “Истиқлол” барои мошинҳое, ки аз самти Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунанд,  соатҳои 07:00 – 10:00 ва 13:00 – 16:00 қатъ мегардад ва танҳо аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 иҷозат дода мешавад.

Ҳамин тавр, дар давоми рӯз убуру мурури нақби “Истиқлол” барои мошинҳое, ки аз самти Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекунанд, аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 қатъ гардида, танҳо соатҳои 07:00 – 10:00 ва 13:00 – 16:00 иҷозат дода мешавад.

Аз соати 19:00 то 06:00 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт  тавассути нақби “Истиқлол” бидуни ягон маҳдудият сурат мегирад.

IRS  аз шаҳрвандон хостааст, ки сафари хешро ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.

Маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” ба зарурати тармими он бастагӣ дода мешавад. Нақби “Истиқлол” бо тақрибан 40 миллион доллар маблағгузории Эрон сохта шуд ва шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби кишвар пайваст. То бунёди ин нақб равуо аз вилояти Суғд ба маркази кишвар тавассути ағбаи пурхатари Анзоб анҷом мешуд, ки дар фасли зимистон бисёр вақт баста мешуд.

Нақби “Истиқлол” ҳарчанд шимоли Тоҷикистонро бо марказаш пайваст, вале сифати пасти сохтмонаш мояи интиқодҳои зиёд шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button