ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МАТНИ ПУРРАИ 9 БАНДИ ПРОТОКОЛИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Душанбе ва Бишкек шоми 5 июн матни изҳороти муштарак дар пайи музокироти роҳбарони КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиевро нашр карданд. Ин музокирот рӯзи 5 июн дар нуқтаи сарҳадии Қарамиқ дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон баргузор шуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вазъи мураккаби дар ин минтақаи марз ба вуҷуд омада бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 июн ҷобаҷо кардани як ҳайъати дидбонии марзбонони тоҷик дар ағбаи Шаттӣ ба таниши нави байни ду кишвар мунҷар шуд ва Бишкеку Душанбе табодули нотаҳои эътирозӣ карда, сипас пушти мизи музокирот нишастанд.

Протоколе, ки Ятимов ва Тошиев дар пайи ин музокирот дар Қарамиқ имзо карданд, аз 9 банд иборат аст:

• Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
• Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
• Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
• Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
• Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
• Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
• Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
• Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
• Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.

Изҳороти муштараки Комиссияҳои давлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

5 июни соли 2021 дар минтақаи Сарҳади давлатӣ (нуқтаи сарҳадии №12/9, минтақаи «Қарамиқ») вохӯрии кории Комиссияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор шуд. Тарафҳо изҳор менамоянд, ки вазъи мураккаби дар минтақаи мазкури Сарҳади давлатӣ бавуҷудомада, бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.

Ҷонибҳо дар доираи масъалаҳои зерин протокол ба имзо расониданд:
• Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
• Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
• Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
• Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
• Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
• Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
• Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
• Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
• Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.

Роҳбари Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Cарҳади давлатӣ Ятимов С.С.

Роҳбари Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ Тошиев К.К.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button