ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК СОКИНИ ИСФАРА АМАКИ ХУДАШРО БО ЯК ЗАРБАИ МУШТ ЗАДА КУШТААСТ

Сокини 34-солаи ҷамоати  Чилгазии Исфара ба он гумонбар мешавад, ки шоми 27 май, тахминан соати 20:30, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амаки 41-солааш ҷанчол карда, як мушт ба рӯи ӯ охирон задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2 июн дар беморхона ҷон додааст. Нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 110, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин сокини Чилгазӣ акнун барои куштани амакаш ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххх

Як зани 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 апрел аз як марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо роҳи фиреб 48 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то 1 май чиптаи ҳавопаймо гирифта медиҳад. Аммо то ҳол  на ваъдаашро иҷро кардааст ва на пули гирифтаашро барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани марди 41-сола дар натиҷаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара, санаи 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амакаш марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанчол намуда, бо дасташ 1-мушт ба сари рӯйи охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2-юми июни соли 2021 дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба Раёсати ВКД дар нақлиёт бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми апрели соли 2021, зани 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 48 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то 1-уми майи соли 2021 чиптаи ҳавопаймо гирифта медиҳад. Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button