ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

БОЗ ЯК ПИСАРИ ЭШОНИ ҚИЁМИДДИН МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД

Саидҳасан Ғозӣ, писари 34-солаи Эшони Қиёмиддин, як рӯҳонии маъруф ва яке аз сухангӯёни мухолифин дар солҳои 90, дар Тоҷикистон ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Саидҳасан Ғозӣ, ки соҳибкор буд, тақрибан ду моҳ пеш ҳамроҳи ду бародари дигараш дастгир шуда буд. Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, мақомот баъди чанде бародарони ӯро озод карданд, вале Саидҳасанро ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ барои Эрон айбдор карданд.

Саидҳасан Ғозӣ ҳамроҳи 4 бародари дигараш – Саидмуҳаммад, Саидмуҳаммадӣ, Саидҳусейн ва Саидяҳё моҳи июли соли 2020 низ дастгир шуда буд. Аксари онҳо баъдан озод шуданд, вале додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2020 Саидмуҳаммадро, ки 44 сол дошт, бо ҷурми ҷосусӣ барои Эрон ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти ҳукми ӯ расман нашр нашудааст, вале манобеи огоҳ мегуфтанд, ки Саидмуҳаммади Ғозӣ аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки дар солҳои 90 ба фиристодани чанд ҷавони тоҷик ба Эрон ва гирифтани раводиди сафари онҳо кумак кардааст.

Эшони Қиёмиддин, ки яке аз сухангӯёни асосии митинги майдони Шаҳидон дар соли 1992 буд, солҳои ахир дар Эрон ба сар мебурд. Ӯ моҳи ноябри соли 2017 дар фурудгоҳи шаҳри Санкт Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар Тоҷикистон Эшони Қиёмиддинро бо хиёнат ба Ватан,  ҷосусӣ ба манфиати Эрон, тағйири мазҳаб ва гароидан ба мазҳаби шиъа айбдор ва ба 25 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи олӣ моҳи феврали соли 2019 “бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд” ҳукми ӯро 18 сол кам карда, ба 7 сол фаровард. Аммо Эшони Қиёмиддин дар ошӯби хунини рӯзи 19 майи соли 2019 дар зиндони Ваҳдат кушта шуд. Гуфта мешуд, ки ошӯбгарон, ки пайравони ДОИШ, аз ҷумла писар ва бародари полковник Гулмурод Ҳалимов буданд,  маҳз барои  тағйири мазҳаб карданаш гулӯи Эшони Қиёмиддинро буридаанд.

 Мақомот хабари боздошт ва 11 сол ҳукми зиндони инак боз як писари Эшон Қиёмиддинро шарҳ надодаанд, вале тарафдорони мухолифин ҳукми зиндони Саидҳасан Ғозиро ба таҳсилаш дар Эрон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки таҳсилкардаҳои Эрон дар Тоҷикистон ҳадафи “шикор”-и амдии мақомот қарор гирифтаанд.

Маҳмудхон Бурҳонов  дар Фейсбук навиштааст, ба таҳсилкардаҳои Эрон, мутаассифона, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин назари манфӣ доранд ва агар ҳукумат онҳоро ба “хиёнат ба ватан” ва ҳамкорӣ бо мухолифин гунаҳкор кунад, мухолифин ин мардумро ба далели гароиши шуморе аз онҳо ба мазҳаби шиъа муртакиби “хиёнат ба мазҳаб” мешуморанд.

Танҳо ҷурми ин азизон, ки ҳукумат ба хотири он, бераҳмона онҳоро солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда истодааст ва мухолифини ҳукумат бешармона аз канори қазияи онҳо бо оромиш рад шуда истодаанд, ин таҳсили онҳо дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳамкорӣ бо мухолифини ҳукумат аст”, – навиштааст ӯ.

Бурҳонов исми 16 таҳсилкардаи ронро, ки дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд, низ нашр кардааст:

1. Салоҳуддин Нуриддинов, 12 сол

2. Сайидмурод Обидов, 14 сол

3. Зафар Ғафуров, 14 сол

4. Руҳулло Қаландаров, 12 сол

5. Муҳиддин Каримов, 14 сол

6. Абдулвоҳид Мирзоев, 12 сол

7. Баҳриддин Қурбонов, 6 сол

8. Муҳаммад Соҳибназаров, 6 сол

9. Абдураҳмон Холисов, 12 сол

10. Мустафо Амируллозода, 12 сол

11. Хайрулло Шарипов, 14 сол

12. Раҳим Иброҳимов, 12 сол

13. Муҳаммад Тӯйчизод, 12 сол

14. Асроруддин Розиқов, 5 сол

15. Зайнулобидин Шамсиддинов, 6 сол

16. Сайидҳасан Ғозӣ, 11 сол

Вале Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон моҳи апрел дар як матлаб дар Фейсбук навишта буд, дар умум аз Тоҷикистон тақрибан 2500 нафар дар Эрон таҳсил кардаанд, ки аксар дар Ватан соҳиби ҷои кору эҳтиром ҳастанд. Ӯ аз ҷумла аз Тоҷиддин Асомиддинзода ёдоварӣ кардааст, ки бо вуҷуди таҳсилкардаи Эрон буданаш тӯли 6 сол ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон буд. Афшини Муқим дар робита ба хабари дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудани дастикам 15 таҳсилкардаи Эрон навишт: Агар ҳатто ин рақамҳоро ҳамчун воқеият қабул кунем, боз ҳам хулоса ин мешавад, ки фақат ҳудуди 1-2% аз хатмкардагони муассисаҳои таълимии Эрон дар Тоҷикистон ба чунин ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин ҳолат низ бори дигар афсона будани фитнаи ин доираҳои бадхоҳро дар бораи «боздошт ва зиндонӣ шудани таҳсилкардагони Эрон» исбот мекунад.  Пас, агар ин шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошанд, на ба сабаби «таҳсил дар Эрон», балки ба хотири таблиғоти ғайриқонунии мазҳабӣ, дарёфти маблағҳои пулӣ аз хоҷагони хориҷӣ, ташкили шабакаҳои ғайриқонунӣ, анҷоми фаъолиятҳои махсус дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳамкории фаъол бо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла бо ТЭТ ҲНИ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин ҳолат ба таҳсилкардаи Эрон будани онҳо бевосита дахл надорад, балки барои амал ва ҷинояти махсуси худи онҳост. Новобаста аз он, ки шаҳрванд дар куҷо таҳсил кардааст, барои чунин фаъолият, ки навъе хиёнат ба ватану миллат аст, ҷазо пешбинӣ мешавад.

Сухангӯи Кумитаи дин таҳсилкардаҳои Эронро ба 3 гуруҳ тақсим мекунад:

1.Шаҳрвандоне, ки дар донишгоҳҳои расмии Эрон дар ихтисосҳои гуногун таҳсил кардаанд. Ихтисосҳои тиббӣ, фаннӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, адабиёт, фарҳанг, ҳунар ва ғ. Ба ин гурӯҳ ҳудуди 500 нафар рост меояд. Аз ҷумла ҳудуди 200 нафари онҳо бо квотаҳои расмӣ аз тарафи давлати Тоҷикистон фиристода шудаанд.

2.Шаҳрвандоне, ки дар мадрасаҳои динии Эрон (дар ҳавзаҳои илмияи мазҳаби шиъа) таҳсил кардаанд. Ба ин гурӯҳ ҳудуди 1400 нафар рост меоянд. Аз ин ҳисоб, қариб 1100 нафарашон дар ҳавзаи илмияи Қум, хондаанд. Баъзеашон то имрӯз дар он ҷо ҳастанд, ки асосан фарзандон, хешу табор ва дигар пайвандони наҳзатиҳо буда, пайрави мазҳаби шиъа мебошанд.

3.Шаҳрвандоне, ки дар мадрасаҳои динии аҳли суннати Эрон таҳсил кардаанд. Асосан дар Сиистону Балучистон ва Машҳад. Ба ин гурӯҳ ҳудуди 600 нафар рост меояд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир даврони пуртанишеро паси сар мекунад. Душанбе Ҷумҳурии исломиро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор мекунад ва ба ин далел ба ҳайси яке аз кишварҳои асосгузор ҳатто ба пазируфтани Эрон ба шумули кишварҳои нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай мухолифат кард.

Теҳрон Душанберо ба он айбдор мекунад, ки беш аз ду миллиард доллар пулҳои аз фурӯши нафти Эрон дуздидаи Бобаки Занҷониро пинҳон кардааст ва пас доданӣ нест. Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон тиҷоратҳои зиёде боз карда буд, дар Эрон бо ҷурми фасод ба қатл маҳкум шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button