ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АМАЛИЁТИ НАҶОТИ ЯК НАВРАСИ ҒАРҚШУДА ДАР ДАРЁИ ДУШАНБЕ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 27 май, соати 15:32 ба навбатдори фаврии Раёсати  Кумита дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки як наврас дар соҳили чапи дарёи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ вақти оббозӣ ғарқ шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, маълум карданд, ки як навраси16-сола аз деҳаи Сомони ноҳияи Синои пойтахтро ҳангоми оббозӣ маҷрои об ба байни дарё андохтааст ва ӯ дар рӯи яке аз садҳои бетонии даруни дарё дармонда, дигар шино карда,  мустақилона ба соҳил баргашта наметавонад.

Наҷотбахшон бо истифода аз васоили махсуси наҷотдиҳӣ арғамчин баста, худро то байни дарё расонданд ва ба тани наврас жилети наҷот пӯшонда, бо арғамчин бастанд ва то соҳил оварданд. Дар натиҷа, ба наҷотбахшон муяссар шуд, ки ин наврасро наҷот диҳанд ва волидонаш бисупоранд. Амалиёти наҷоти ин наврас 23 дақиқа тӯл кашида, соати 15:55 бомуваффақият анҷом ёфтааст.

КҲФ ёдовар шудааст, ки аз аввали соли 2021 дар рӯду кӯлҳои Тоҷикистон ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ алакай 34 нафар, аз ҷумла 14 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шудаанд. Дар робита ба ин КҲФ бори дигар аз сокинон хостааст, ки ҳангоми оббозӣ ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button