ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

10 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ БИЛОХИРА БЕРУН ОВАРДАНД (4 АКС)

10 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакон, ки муддати зиёде дар минтақаи эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ дармонда буданд, бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия билохира тавонистаанд Осетияи ҷанубиро тарк кунанд. Дар ин бора рӯзи 29 май дар гуруҳи фейсбукии «Мы-мигранты» ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Муҳаммад Собиров хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, сафорат барои берун овардани муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти Русия хостааст, то барои онҳо як коридори транзитӣ бикушоянд.

 «10 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати зиёде дар Осетияи ҷанубӣ дармонда, имкони бозгашт ба Ватанро надоштанд, бо хоҳиши намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ҷонииби мақомоти зисалоҳи Русия тавассути роҳи транихтӣ дар давоми 3 рӯз ба фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав оварда шуданд. Дар имтидоди роҳ  ин шаҳрвандон, ки дар байнашон занону кӯдакон низ буданд, бо ҷои хоб ва ҳамчунин бо ғизои комил таъмин карда шуданд», –  хабар додааст Муҳаммад Собиров.

Даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷои кор худро ба минтақаҳои эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ва ҳамчунин ба нимҷазираи Қрим мезананд. Азбакски мақоми ҳуқуқии ин минтақаҳо баҳсбарангез аст, ин муҳоҷирон ҳангоми хуруҷ аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон дучори мушкилот мешаванд. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби надонистани ҳассосияти масъала баъди 3 моҳи будубош дар Қрим барои  аз нав аз сари хат сар кардани муҳлати будубоши худ кӯшиш мекунанд, ки аз Қрим ба қисмати боқимондаи Украина бираванд. Бехабар аз он ки дар Украина онҳоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба “минтақаи ишғолшуда”, яъне Қрим метавон ҷазои шадид бидиҳанд ва ҳатто ба зиндон биандозанд.

Muhammad Sobirov Мы, мигранты

  По инициативе Посольства Республики Таджикистан в Российской Федерации 10 граждан Республики Таджикистан, которые застряли на большой срок в Южной Осетии и не имели возможности вернуться на родину, по просьбе Дипломатического представительства со стороны компетентных органов России черед транзитный путь в течении трое суток были доставлены в Международный аэропорт “Внуково”. Во время всего пути этим гражданам, среди которых были женщины и дети, обеспечили местом для ночлега, а также полноценным питанием. Следует отметить, что Посольство часто заботится о гражданах, которые оказываются в трудном положении.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button