ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ОДАМКУШӢ ДАР БОҒИ МИРОНЕНКО, МАРГИ КӮДАКИ НАВЗОД ВА ҶАЛБИ СЕ МАРДИКОР БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ШИРАИ КАМОЛ

Ду ҷавони 22 ва 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд. ВКД гуфт, ки онҳо шаби 22 май, соати 21:50  дар боғи фарҳангӣ-фароғатии  ба номи Мироненко, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт бо ҷавони 25-солаи сокини Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола чанд зарба зада, ӯро ба замин афтондааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми  ба беморхона бурдан дар роҳ ҷон додааст. Тафтиши ин қазия идома дорад. Ба дастгиршудаҳо барои қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххх

Шаби 26 май, соати 21:00, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел -Зефира” ва “Опел-Вектра” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара дар чорроҳаи шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” ва шаҳри Бохтар, тифли навзод Назаров Мубориз Некбахтович, соли таваллудаш 2021, сокини ноҳияи Фархор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари ин мошин Мирзоева Ниқошгул Зариповна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳат бардоштааст. ВКД мегӯяд, ронандаи “Опел -Зефира” сокини 58-солаи Данғара Миралӣ Сабзаев, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба бархӯрд бо “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Сафаров Меҳроб, сокини 32-солаи ноҳияи Фархор аз тарафи Душанбе ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард,  роҳ додааст.

ххххххххххххх

Сокини 28-солаи ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ба он муттаҳам мешавад, ки аз рӯзи 16 май се марди 35, 34 ва 28-солаи сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахшро ҳамчун мардикор даъват карда, дар ҳудуди деҳаи Зоғонии ҷамоати Дӯконии шаҳри Норак ба коркарди ғайриқонунии шираи камол машғул шудааст. ВКД гуфт, ин афрод 1100 бехи кундаи камолро нарм карда, кундаҳои ниҳоли камолро буридаанд. Бар асоси ҳисоби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, фаъолиятҳои ин соҳибкор ба табиат ба маблағи 66 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Дар Тоҷикистон коркарди шираи камол тақрибан пурра дар монополияи ширкати “Фароз”-и домоди президент Шамсулло Соҳибов қарор дорад.

ххххххххххх

Як марди 33-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрели соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини Ҳисор даромада, аз ӯ 14  800доллар гирифтааст, вале то ҳол барнагардондааст. Инчунин, марди 34-солаи сокини Душанбе барои он дастгир шуд, ки дар давоми солҳои 2016 то 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 217 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ҷавони 25-сола дар натиҷаи лату кӯб

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Мироненко», воқеъ дар кӯчаи Маяковскии пойтахт бо ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола зарбаҳо задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати хурдсол дар ҳодисаи нақлиётӣ

Рӯзи 26-уми майи соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Сабзаев Миралӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар чорроҳаи шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” ва шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазор аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст.

Номбурда ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Сафаров Меҳроб Одинаҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор, ки аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, хурдсол Назаров Мубориз Некбахтович, соли таваллудаш 2021, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Мирзоева Ниқошгул Зариповна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани муомилоти ғайриқонунии шираи камол

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак, дар мавзеъи Зоғонӣ, аз рӯзи 16-уми майи соли 2021 марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара, соҳибкори инфиродӣ, мардони 35, 34 ва 28-солаи сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахшро ҳамчун мардикор даъват намуда, ба коркарди ғайриқонунии шираи камол машғул шудааст. Номбурдагон ба миқдори 1 ҳазору 100-бехи кундаи камолро нарм намуда ва кундаҳои ниҳоли камолро бӯриш намудаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва мувофиқи тартиби ҳисоби зарари Раёсати мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда, ба табиат 66 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2017 марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 14 ҳазору 800-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар давоми солҳои 2016 то 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 217 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button