ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

ЗАМОНИ ҲАБСИ ИЗЗАТ АМОН ДУ МОҲИ ДИГАР ТАМДИД ШУД

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 25 май бо дархости тафтишот замони ҳабси ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амонро то 2 моҳи дигар тамдид кард.  Ӯ акнун то 24 июл дар боздошт боқӣ мемонад. Тафтишот мегӯяд, 11 нафар ба мақомот арз кардаанд, ки Иззат Амон гӯё онҳоро дар Русия фиреб дода, пулашонро гирифтааст, вале корашонро буд накардааст. Иззат Амон, ки рӯзи 25 марти соли ҷорӣ ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд,  бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун  ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ваё  аз 8 то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Наздикону тарафдорони Иззат Амон ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки  ӯ барои танқидҳояш аз мақомоти Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Моҳи марти соли 2021 додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав шаҳрвандии русии Иззат Амонро, ки ҳанӯз соли 1996 ба даст оварда буд, бекор кард ва алакай рӯзи 25 март ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. ВКД Тоҷикистон рӯзе баъд эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Қаблан манобеи сомонаи “Бомдод” гуфтанд, бархе доираҳо дар роҳбарии ВКД Тоҷикистон мехостанд бо “овардан”-и Иззат Амон “очко” бигиранд ва нуфузи худро боло баранд, вале ин қазия ба “боло” чандон хуш наомадааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар “боло” истирдоди Иззат Амон аз Русияро як кори нолозим ва нобавақт маънидод мекунанд, бахусус дар пайи эътирозҳои муҳоҷирон ба зидди ин амал. Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки дар мавриди Иззат Амон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва чанд роҳкор, аз ҷумла озод кардану ҳатто ба Маскав фиристодани ӯ ҳам дар дасти баррасии мақомот қарор дорад.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи аз лиҳози миқёсу домана бесобиқаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Иззат Амон нахустин ҳомии ҳуқуқи тоҷик нест, ки бо чунин усул – лағви шаҳрвандии Русия ва ихроҷ ба Тоҷикистон – аз Русия оварда мешавад.

Дар поёни соли 2017 ҳамин гуна Каромат Шарипов, раиси Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талошҳои бенатиҷааш барои баргаштан ба Русия дар моҳи майи соли 2020 ба иллати сактаи қалб дар синни 57 аз олам чашм пӯшид.

Каримҷон Ёров, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017, вақте хатари ихроҷ болои сараш омад, маҷбур шуд барои тақрибан ним сол худаш тарки Русия кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button