ВидеоТоҷикистон

БА ТОҶИКИСТОН 4,6 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ФАЛАҶИ КӮДАК ОВАРДАНД (6 АКС)

Субҳи якшанбе, 23 май ба Тоҷикистон беш аз 4,6 миллион ваксинаи зидди полиомиелит (фалаҷи кӯдак) овардаанд. Ин ваксинаҳо бо кумаки намояндагиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ (Сандуқи кӯдаки Созмони Милал) дар Тоҷикистон барои баргузории маъракаи миллии ваксиназанӣ аз полиовирус оварда шудаанд. Ин маърака, қарор аст, аз моҳи май то июли соли 2021 доир карда шуда, дар ҷараёни он бояд ҳудуди 1,4 миллион кӯдаки то синни 6-ро аз полиомелит ваксина бизананд. Ин маъракаро вазорати тандурустии Тоҷикистон бо кумаки  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ  дар чорчӯби Ташаббуси ҷаҳонӣ барои нобуд кардани полиомелит баргузор мекунад. Ин маърака дар пайи ошкор шудани 4 мавриди нави гирифтории кӯдакон ба полиомелит дар Тоҷикистон гузаронда мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки мавриди аввал 22 ноябри соли 2020 дар вилояти Хатлон сабт шуда, ба штамми покистонии полиовирус рабт дода мешавад. Моҳи феврали соли 2021 боз як мавриди полиомелит дар вилояти Хатлон ва рӯзи 8 март ду мавриди нави гирифтории кӯдакон ба ин беморӣ дар Ҳисор сабт шудааст. Ҳамчунин полиовирус дар се мавриди санҷиши муҳити зист аз ҷониби як нуқтаи назорати эпидемиологӣ дар Душанбе ошкор шудааст.

4,6 миллион ваксинам зидди полиомиелитро дар фурудгоҳи Душанбе сардори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Файзалӣ Саидзода ва кормандони ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қабул кардаанд. Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, “ЮНИСЕФ бо шариконаш бо мақсади пуштибонии ҳукумат дар баргузории давраҳои муҳими маъракаи зидди полиомелит барои таҳкими масунияти кӯдакон дар муқобили полиовирус ҳамкорӣ мекунад. Як маъракаи иловагӣ низ дар назар аст, то ки аҳли ҷомиа ба ваксина задани кӯдакон ташвиқ шавад.”

ЮНИСЕФ гуфт, тасмим барои баргузории маъракаи иловагии ваксиназанӣ аз фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи мавридҳои хуруҷи ин беморӣ дар кишвар гирифта шуд. Маъракаи ваксинзанӣ дар ду давра доир мешавад: давраи аввал аз 31 май то 5 июн давом мекунад ва давраи дуюм аз 28 июн то 3 июл. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран хабар дод, ки аз ноябри соли 2020 то марти соли 2021 дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави гирифторӣ ба полиомелит (фалаҷи кӯдак) сабт шудааст. Мавриди аввал 22 ноябри соли 2020 дар вилояти Хатлон сабт шуда, ба штамми покистонии полиовирус рабт дода мешавад. Моҳи феврали соли 2021 боз як мавриди полиомелит дар вилояти Хатлон ва рӯзи 8 март ду мавриди нави гирифтории кӯдакон ба ин беморӣ дар Ҳисор сабт шудааст. Ҳамчунин полиовирус дар се мавриди санҷиши муҳити зист аз ҷониби як нуқтаи назорати эпидемиологӣ дар Душанбе ошкор шудааст.

Виктор Олшавский, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳанӯз доруи табобати полиомелит вуҷуд надорад. Аз он фақат тавассути ваксина метавон пешгирӣ кард. Ваксина, ки чанд дафъа гузаронда мешавад, метавонад кӯдакро умрбод ҳифз кунад. Ваксина тавассути даҳон амн ва муассир буда, истифодаи он имкон дод, ки полиомелит дар аксари кишварҳои дунё решакан карда шавад. Истифодаи ваксинаи даҳонӣ дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншави полиовирус ва ҳимояти кӯдакон аз ин бемории вазнин аҳамияти ҳалкунанда дорад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо қадрдонӣ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ва шариконаш дар ҷараёни омода кардани ин маърака ва харидории ваксинаҳо, пойфишорона аз падару модарон даъват мекунад, ки кӯдакони худро ваксина кунанд.”

Маъракаи зидди полиомелитро Ташаббуси ҷаҳонӣ барои нобуд кардани полиомелит (GPEI) пуштибонӣ мекунад. Ин ташаббус аз ҷониби ҳукуматҳо, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,  ЮНИСЕФ, Ротари Интернэшнл, Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои Амрикл (CDC) идора шуда, аз сӯи шарикони калидие, чун Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс, ГАВИ, Эътилофи ваксинаҳо пуштибонӣ мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button