ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 23 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 23 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА ВА ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ 6 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР МӮЪМИНОБОД

ТАКСИРОНИ ХУНДАРҶӮШИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БА ОДАМКУШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

ПЕШНИҲОД: ЯК ШАҲРИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУЗОШТА ШАВАД

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ “РОССИЯ” БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

ИКРОМ АЗ КОЛХОЗИ “РОССИЯ” БО ВЕЛОСИПЕД БА ҲАҶ МЕРАВАД

МАНИЖА ДАР «ЕВРОВИДЕНИЕ»  ҶОЙИ 9-УМРО ГИРИФТ

ТОҶӢ УСМОН, БОБОИ МАНИЖА КӢ БУД?

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Сокинони Мӯъминобод ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” як видеои кӯтоҳ аз маҳалли садамаи пурқурбонии рӯзи 22 май дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминободро, ки боиси марги 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии  ноҳияи Мӯъминобод  шуд,  фиристоданд. Онҳо ҳамчунин бархе ҷузъиёти ин фооҷиаи талхро қисса карданд.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 май 6 узви як хонавода – як модар бо ду писару як духтар ва келину набераи ҳафтсолааш ҳангоми ба тӯй рафтанашон дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод бар асари ба мошини боркаш бархӯрдани мошинаш ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи сокинони Мӯъминобод, Фарҳоди Назрӣ, соли таваллудаш 1984, ки дар ин садама ҳамроҳи зану фарзанди ҳафтсолааш ҷон дод, тоза рӯзи 9 май аз Русия баргашта буд. Дар садама ҳамчунин бародари ӯ Дилшоди Назрӣ, соли таваллудаш 1983, як хоҳар ва модараш Хадиҷа низ ба ҳалокат расиданд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзеи Толеъ рӯй додааст. “Аз қазо, толеи ин хонавода дар мавзеи Толеъ бетолеӣ кард ва дар як рӯз аз ин оила якбора 6 тобут бароварданд”, – гуфтанд онҳо.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, қурбониёни ин садама ҳама аз оилаи раҳматии Назрӣ буданд. Акаи Назрӣ худ соли 2007 ба иллати бемории саратон аз дунё рафта буд.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххххххх

Шоми 22 май, тақрибан соати 18, муноқишаи байни таксирони ширкати ООО «Ситимобил», шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо як ронандаи 26-солаи сокини шаҳри Санкт-Петербург  дар буриши кӯчаи Криленко ва хиёбони Далневосточний дар қисмати шарқии Петербург дар наздикии соҳили дарёи Нева бо қатли ин ронанда аз ҷониби ҷавони хундарҷӯши тоҷик анҷом ёфт. Ба ҷавони тоҷик акнун барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ду ронандаи ҷавон дар пайи як садамаи хурд аз гиребони ҳам гирифтанд. Онҳо якдигарро сабабгори ин садама номида, айбдор мекарданд, вале муноқишаашон хеле зуд аз як муноқишаи лафзӣ ба занозанӣ табдил ёфт ва таксирони тоҷик аз ҷайбаш корд бароварда, ба қафаси синаи рақибаш задааст. Корд рост ба дили сокини Петербург расидааст.

Ҷабрдидаро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” бурдаанд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Таксирони тоҷикро билофосила дастгир кардаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Лаҳзаи муноқишаи байни ин ду ронандаро дигар ронандагони роҳгузар сабт кардаанд.

ххххххххххххххх

Маҳаллаи Раҳмонобод (собиқ Ферегат) дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

Шарифхон Тиллоев, як корбари Фейсбук пешниҳод кардааст, ки бахшида ба 30-cолагии истиқлоли кишвар яке аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон гузоранд.

Шарифхон Тиллоев барои гузоштани номи Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрро пешниҳод кардааст: Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва пойтахт, шаҳри Душанбе.

“Миллати қазоқ номгузорӣ кард шаҳри Остонаро ба номи Назарбоев Н.А яьне шаҳри Нурсултон. Мо, тоҷикҳо низ бояд як шаҳри калонтарин ва зебои Тоҷикистонро бо номи Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ намоем”, – навиштааст Тиллоев.

Ин бори аввал нест, ки пешниҳоди ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани номи ягон шаҳри Тоҷикистон садо медиҳад. Қаблан бештар сари ба номи президенти кунунӣ гардондани номи пойтахт мерафт ва пешниҳодҳои мухталифе, ба мисли Раҳмонобод, Раҳмон-Сити низ садо дода буд.

Пешниҳоди нави Шарифхон Тиллоев низ вокунишҳои мухталифе дар пай дошт.

Бархе онро намунаи дигари шахспарастӣ дар Тоҷикистон мешуморанд ва мегӯянд, мутаассифона, ҳокимон аз оқибати дигар низомҳои худкома сабақе намегиранд ва айни иштибоҳро такрор мекунанд. Онҳо аз ҷумла аз президенти собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов ёдовар шудаанд, ки дар замони зинда буданаш шаҳру каналу кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто каналу нирӯгоҳҳо ва номи моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро ба номи худ карду ҳайкалҳои худро аз тилло сохт, вале баъди даргузашташ дар соли 2007 ворисаш Бердимуҳаммадов номи Ниёзовро аз сақфи ин ҳама шаҳру каналу кӯчаву хиёбонҳо бардошт ва ҳайкалҳои тиллоияшро ҳам барчиду номҳои маъмулии моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро баргардонд.

Тарафдорони президенти кунунии Тоҷикистон аммо муътақиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории низоми давлатдории навини мардуми тоҷик хидматҳои арзанда кардааст ва сазовори ҳама гуна арҷгузорӣ, аз ҷумла ба номаш гузоштани исми шаҳрҳо ҳаст.

Дар Тоҷикистон алакай як деҳа ва як маҳалла ба шарафи Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод ном гузошта шудаанд. Соли 2018 як деҳаи аз заминҷунбӣ осебдидаро дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон баъди барқарор карданаш Раҳмонобод ном карда буданд.  Соли 2019 дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ низ номи маҳаллаи навбунёди Ферегат ба Раҳмонобод иваз карда шуд.

ххххххххххххххх

????????????????????????????????????

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва  дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии раиси ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ Носирзода Х.М ва муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. хабар дод. Носирзода ва Шоҳмаҳмадов ба фурӯши ғайриқонунии замин бо сӯиистифода аз ваколати мансабӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешаванд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Носирзода Х.М. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 0,10 га. қитъаи замини ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуббударо, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Қуштеппа, ба шаҳрванд Сангов Ф.Қ. ғайриқонунӣ доданд.”

Ҷамоати Россия (собиқ колхози “Россия”) дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, дар замони Шӯравӣ дар инҷо асосан муҳоҷирон аз водии Фарғона зиндагӣ мекарданд.  Ин мавзеъ ҳамчунин бо силсилаи чойхонаҳову тарабхонҳои пурмуштариаш маъруф аст.

Солҳои охир бо афзоиши аҳолии Душанбе ва камчин шудани замини сохтмон дар пойтахт, шумори онҳое, ки дар канори шаҳр мехоҳанд барои худ хонаву дар бисозанд, хеле афзоиш ёфт. Яке аз минтақаҳое, ки ба далели афзоиши талабот нархи заминаш ба осмон хест, қаламрави ҳамин собиқ колхози “Россия” буд.

Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон, замин дар ин кишвар моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва фурӯши он қатъиян манъ аст. Вале бо ин вуҷуд, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ваё барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Тақрибан ҳар моҳ мақомоти ин кишвар дар бораи боздошти чандин мансабдор бо иттиҳоми заминфурӯшӣ хабар медиҳанд.

Баландпоятарин мансабдоре, ки бо чунин ҷурм маҳкум ба зиндон шуд, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода буд, ки моҳи июни соли 2020 дастгир гардид ва моҳи ноябр ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

ххххххххххххххх

Овозхони ҷавони зодаи Тоҷикистон  Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд муаррифӣ мекард, дар даври ниҳоии ин озмун дар байни 26 иштироккунандаи ҷои 9-ро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки таронаи ӯ бо номи Russian Woman дар канали расмии «Евровидение» дар Ютуб дар умум  беш аз 22 миллион тамошобин ҷамъ оварда, дар байни ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҳама пуртамошобин буд.

Имсол ҷои аввалро дар  ин озмун намояндаи Италия Måneskin бо таронаи  Zitti E Buoni  соҳиб шуд. Ба ин тартиб, соли оянда озмуни «Евровидение» бояд дар Италия доир шавад.

Ҷои дуюмро дар Роттердам овозхони фаронсавӣ Barbara Pravi бо таронаи Voilà бо забони фаронсавӣ ба даст овард. Барбара Прави аз падари серб ва модари эронӣ ба дунё омадааст. Ҷойи сеюм насиби Gjon’s Tears аз Швейтсария бо таронаи Tout l’Univers гардид. Ин тарона ҳам ба фаронсавӣ буд.

ххххххххххххххх

Хабаргузории “Спутник” дар бораи Тоҷӣ Усмон, бобои овозхони тоҷики муқими Русия Манижа Сангин тафсилоти ҷолиберо пайдо ва нашр кардааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, шаҷараи онҳо то ба худи Шайх Камоли Хуҷандӣ мерасад. Тоҷӣ Усмон бошад то солҳои 50 муддати зиёде дар сохторҳои амниятии Шӯравӣ дар Эрону ва Афғонистон хидмат карда, баъди бозгашташ сардабири маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” шудааст.

Тоҷӣ Усмон ҳамчунин се дафъа издивоҷ карда, зани дуюмаш Капитолина Богомолова, як хонуми яҳудӣ буд, ки баъдтар ба Бобоҷон Ғафуров издивоҷ кард. Нимаҳои дуюми солҳои 50 Тоҷӣ Усмон ба Эргашой Сангинова, як хонуми ҷавони хуҷандӣ, хонадор шуд. Фарзанди дувуми онҳо Наҷиба, модари Манижа Сангин аст, ки соли 1960 таваллуд шудааст.

Тоҷӣ Усмонро соли 1937, дар айни авҷи таъқиботи сталинӣ  дар як рӯз бо раиси машҳури колхоз Саидхоҷа Урунхоҷаев  ҳабс  ва “душмани халқ” кардаанд, вале бино ба нақли набераи ӯ Анвар Усмонов, “бобоям аз зиндон ба як ҳамдеҳааш ба номи Абдулло, ки дар НКВД –и шаҳри Бекобод кор мекард, мактуби бегуноҳӣ менависад. Азбаски бобоямро худи Сталин, Ворошилов ва дигар роҳбарони Шӯравӣ мешинохтанд, ӯ ва Ӯрунхӯҷаевро соли 1939 “сафед” карданд”.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Тоҷӣ Усмон чанд сол дар Эрон барои сохторҳои амниятии Шӯравӣ кор карда, аз ҷумла ба фирори коммунистҳои эронӣ аз ҳизби Тӯда ба СССР кумак мекард. Наздиконаш мегӯянд, Тоҷӣ Усмон ҳамчунин узви гуруҳе буд, ки масъулияти таъмини амнияти мулоқоти “сегонаи бузург” – Сталин, Рузвелт ва Черчиллро дар соли 1943 дар Теҳрон ба дӯш дошт.

Дар аввали солҳои 50 ба иллати бемории қанд Тоҷӣ Усмон аз кори амниятӣ канор рафт ва ба журналистика ва адабиёт рӯ овард. Аз ӯ ҳудуди 10 асари бадеӣ ва таҳқиқи адабӣ боқӣ мондааст, аз ҷумла “Кашфи асрор” (маҷмӯаи ҳикояҳо), “Муборакқадам”, “Лаънаткардаи халқ”, “Духтари ниқобдор” (повестҳо),  “Шоира Маҳастӣ” ва “Бисту се адиба”, ки яке аз аввалин тазкираҳо дар бора шоираҳоест, ки ба форсӣ менавиштанд.

Тоҷӣ Усмон соли 1968, дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Ӯро дар теппаи Рухак дар канори деҳаи Унҷӣ ба хок супурданд.Набераҳо теппаи Рухакро ба як боғи пурдолу дарахт табдил дода, “Боғи Тоҷӣ Усмон” ном гузоштанд…

ххххххххххххххх

Фирдавс Муҳаммадиев дар гуруҳи фейсбукии “Гражданское общество” хабар дод, ки Икром ном сокини колхози “Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 22 май бо велосипед ба сафари Ҳаҷ баромадааст.  Фирдавс ва Муҳаммадиев ва даҳҳо нафари дигар ба ин зоир орзуи роҳи сафед карда, даст ба дуо кушодаанд, ки Худованд орзуи Икромро бароварда гардонад ва тавофи Каъбаро насибаш кунад.

Ёдовар мешавем, соли 2020 Арабистони Саудӣ ба иллати пандемияи коронавирус сафари Ҳаҷро ба зоирон аз кишварҳои дигар иҷозат надод ва танҳо як теъдоди маҳдуде аз худи сокинони Саудӣ тавонистанд соли гузашта тавофи Каъба кунанд.

Имсол қарор аст, маросими Ҳаҷ аз 17 то 22 июл, дар арафаи иди Қурбон доир шавад, вале мақомоти Арабистони Саудӣ, кишвари мизбони Ҳаҷ ҳанӯз дар мавриди иҷозат додан ё надодан ба сафари зоирон тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд. Бино ба иттилои расида, мақомоти Саудӣ имсол ғолибан ба Ҳаҷ иҷозат хоҳанд дод, вале бо риояи қотеонаи меъёрҳои беҳдоштии зидди коронавирус ва бо иштироки шумори маҳдудтари зоирон.

Тоҷикистон то пандемияи коронавирус солона барои фиристодани то 6300 зоир ба маросими Ҳаҷ квота дошт. Қарор буд, ки квотаи Тоҷикистон ба далели афзудани шумори аҳолиаш ва ҳам зиёд будани шумори довталабони сафари Ҳаҷ боло бурда шавад, вале коронавирус монеъ шуд. Маъмулан, квотаи Ҳаҷ бояд баробари ҳадди ақал як фоиз аз шумори мусалмонон дар кишвар бошад. Дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион мусалмон ба сар мебарад ва табъан квотааш низ бояд  ба дастикам 9 ҳазор нафар расонда шавад.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button