ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарТоҷикистон

ПЕШНИҲОД: ЯК ШАҲРИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУЗОШТА ШАВАД

Шарифхон Тиллоев, як корбари Фейсбук пешниҳод кардааст, ки бахшида ба 30-cолагии истиқлоли кишвар яке аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон гузоранд.

Шарифхон Тиллоев барои гузоштани номи Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрро пешниҳод кардааст: Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва пойтахт, шаҳри Душанбе.

“Миллати қазоқ номгузорӣ кард шаҳри Остонаро ба номи Назарбоев Н.А яьне шаҳри Нурсултон. Мо, тоҷикҳо низ бояд як шаҳри калонтарин ва зебои Тоҷикистонро бо номи Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ намоем”, – навиштааст Тиллоев.

Ин бори аввал нест, ки пешниҳоди ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани номи ягон шаҳри Тоҷикистон садо медиҳад. Қаблан бештар сари ба номи президенти кунунӣ гардондани номи пойтахт мерафт ва пешниҳодҳои мухталифе, ба мисли Раҳмонобод, Раҳмон-Сити низ садо дода буд.

Пешниҳоди нави Шарифхон Тиллоев низ вокунишҳои мухталифе дар пай дошт.

Бархе онро намунаи дигари шахспарастӣ дар Тоҷикистон мешуморанд ва мегӯянд, мутаассифона, ҳокимон аз оқибати дигар низомҳои худкома сабақе намегиранд ва айни иштибоҳро такрор мекунанд. Онҳо аз ҷумла аз президенти собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов ёдовар шудаанд, ки дар замони зинда буданаш шаҳру каналу кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто каналу нирӯгоҳҳо ва номи моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро ба номи худ карду ҳайкалҳои худро аз тилло сохт, вале баъди даргузашташ дар соли 2007 ворисаш Бердимуҳаммадов номи Ниёзовро аз сақфи ин ҳама шаҳру каналу кӯчаву хиёбонҳо бардошт ва ҳайкалҳои тиллоияшро ҳам барчиду номҳои маъмулии моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро баргардонд.

Тарафдорони президенти кунунии Тоҷикистон аммо муътақиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории низоми давлатдории навини мардуми тоҷик хидматҳои арзанда кардааст ва сазовори ҳама гуна арҷгузорӣ, аз ҷумла ба номаш гузоштани исми шаҳрҳо ҳаст.

Дар Тоҷикистон алакай як деҳа ва як маҳалла ба шарафи Эмомалӣ Раҳмон Раҳмонобод ном гузошта шудаанд. Соли 2018 як деҳаи аз заминҷунбӣ осебдидаро дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон баъди барқарор карданаш Раҳмонобод ном карда буданд.  Соли 2019 дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ низ номи маҳаллаи навбунёди Ферегат ба Раҳмонобод иваз карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Пешниходи ман ин,Ки Шахри калонтарин не Номи Республиками Точикистон не Рахмонистон ном гузори кунанд хубтар буд.

  2. Пешниходи бечо не!Факат гуфтаниам ки дар шимол е чануб як минтакаро пурра аз нол ба шахри нави муосир интихоб карда бо инфраструктурнихои муосир барои насли нав ва оянда бо номи Эмом Али е хамин хел Рахмон монем хуб мешавад.Шахри нав-номи нав!Чи гуфтед?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button