ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

НАЗДИКОНИ ЗАМОНОВ: РУСТАМРО ТУҲМАТ КАРДАНД, Ӯ БА ҲНИТ ЯГОН РОБИТА НАДОРАД

Баъд аз нашри хабари ҳукми ихроҷи шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Рустам Замонов аз Русия, наздикони ин муҳоҷири тоҷик бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар тамос шуда, иддаои раёсати ФСБ ҷумҳурии Бошқирдистон дар бораи гӯё ба ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамдастӣ кардани Рустам Замонов туҳмат аст.

Хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Бошқирдистон ахиран хабар дод, ки рӯзи 19 майи соли 2021 додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро бар асоси қисми аввали моддаи 18.8 КоАП Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро баровард. Ин манбаъ бо истинод ба иттилоияи раёсати ФСБ Бошқирдистон хабар дод, ки мақомоти амниятӣ ин марди тоҷикро ба ҳамдастӣ бо ҲНИТ низ гунаҳкор мекунанд. ҲНИТ як ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки  аз соли 2015 фаъолияташ дар он кишвар манъ шуда, ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористиву ифротӣ шомил карда шудааст.

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Калинин ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Наздикони Рустам Замонов ба “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ аз ин ҳукми ихроҷаш ба Додгоҳи олии Бошқирдистон шикоят бурдааст.

“Рустам Замонов зодаи деҳаи Чуқурак дар канори шаҳри Ҳисор буда, солҳои тӯлонӣ дар Уфа кор мекунад. Ӯву бародаронаш дар бозори Уфа меваву сабзавот савдо мекарданд. Зану ду фарзанди Русия шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, худаш шаҳрванди Тоҷикистон буд, вале дар Уфа ҳамеша қонунӣ зиндагӣ мекард, тамоми ҳуҷҷатҳояш тахт буд. Ӯ намозҳояшро ба зӯр мехонд ва ба ҲНИТ ягон рабт надошт. Вале туҳматаш заданд, то ки ихроҷаш осонтар шавад. Агар ӯ рабте ба ҲНИТ медошт, хешовандонаш дар Тоҷикистон худашон ба мақомот муроҷиат намекарданд, ки ба ин туҳмати мақомоти амниятии Русия посух диҳанд”, – гуфт рӯзи 22 май дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз наздикони Рустам Замонов.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” ба банди мақомоти Бошқирдистон гирифтор шудани бародарон Замоновҳоро натиҷаи рақобат байни худи тоҷикҳо дар бозори меваву сабзавоти Уфа ва аз ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Бошқирдистон даст кашидани Рустам Замонов мешуморад ва мегӯяд, чанд вақт пеш Азим, бародари Рустамро ҳам аз Уфа ба Тоҷикистон ихроҷ карданд, вале он вақт ба ихроҷи Рустам ноил шуда натавонистанд. Ӯ чанд вақт дар боздошт қарор дошт, вале озод шуд.

Рустам Замонов феълан дар Уфа дигарбора дар ҳамон боздоштгоҳи муҳоҷироне, ки ҳукми ихроҷашон аз Русия содир шудааст, қарор дорад.

Қаблан намояндагони ҲНИТ ҳам гуфтанд, ки дар бораи Рустам Замонов ва фаъолиятҳояш барои ин ҳизб чизе намедонанд. Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 21 май ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ин робита гуфт: “Аслан Рустам Замонов ба ҲНИТ рабте надорад ва касе ӯро намешиносад дар ҳизб. Аммо инҷо масъала боз ба он хотир аҷиб аст, ки дар ягон санади расмии кишвари Русия ҲНИТ ҳамчун гуруҳи террористиву экстремистӣ қайд нашудааст. Аз тарафи дигар ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ба хотири истирдоди як мухолиф ба ӯ метавонанд ҳар иттиҳомеро бор кунанд. Ин хабар нукоти норӯшани зиёд дорад.”

Баъди он ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 манъ шуд, роҳбарони ҳизб изҳор доштанд, ки ба хотири амнияти аъзо ва тарафдоронашон тамоми фаъолиятҳояшонро дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ, ки бо Душанбе қарордод дар бораи супурдани афроди таҳти ҷустуҷӯро доранд, қатъ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар солҳои охир даҳҳо нафар аз тарафдорони ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар кишварҳои СНГ, бештар аз ҳама, дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин нахустин мавриди ихроҷи зодагони Тоҷикистон аз Русия нест.

Дар аввали ҳафта хадамоти матбуоти ФСБ ҷумҳури Саха (Ёқутистон)-и Русия хабар дод, ки Р. ном як марди 47-сола аз Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва ҳамчунин аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати 30 сол, яъне до 31 майи соли 2051 маҳрум карда шуд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ,  Р., с.т. 1974, ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода, аз ҷумла иштирок доштанаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби мухолифини исломиро пинҳон доштааст.

“Гуруҳи мусаллаҳро як хешованди ӯ, ки созмони террористӣ ташкил карда буд, роҳбарӣ мекард. Бо мақсади пинҳон доштани шахсияти худ, ҳамчунин аз тарси кашида шудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, Р. дар ивази пул ному насаби худро дар шиносномаи миллиаш иваз кардааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Аммо шахсияти Р. ва ҳамчунин шахсияти он фармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Р. гӯё таҳти фармони ӯ меҷангид, ошкор карда нашудааст. Дар бораи сарнавишти ӯ баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон маълумоте дар даст нест. 

Рӯзи 18 май ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” низ хабар дод, ки намояндаи “Гуруҳи 24” дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, бедарак шудааст. Ҳамсафонаш мегӯянд, телефони Раҳматҷони Маҳмадҷон хомӯш буда, ӯ тавассути месенҷерҳо ва шабакаҳои интернетӣ низ посух намедиҳад ва онҳо тарс доранд, ки мабодо ӯро ҳам мисли бархе дигарон аз фаъолони ин созмон ба Тоҷикистон бурда бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button